Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Мубориза бар зидди коррупсияро пурзӯр бояд кард

Мубориза бар зидди коррупсияро пурзӯр бояд кард

Дар Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон вохӯрӣ бо устодону донишҷӯёни факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт баргузор гардид. Дар вохӯрӣ масъалаи пурзӯркунии мубориза бар зидди амалҳои коррупсионӣ дар донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зимни чорабинӣ Саидалӣ Ҳаитов, сардори бахши таъминоти ҳуқуқии донишгоҳ оид ба роҳҳои мубориза ва пешгирии амалҳои коррупсионӣ баромад намуд. Мавсуф зикр дошт, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” ба тавсиб расидааст, ки ҳадаф аз роҳандозӣ ва баргузории ин гуна вохӯриҳо барои пешгирӣ аз зуҳуроти номатлуби ҷомеа, аз қабили амалҳои коррупсионӣ, суйистифода аз вазифа, гирифтани пора, қабули қарори хусусияти коррупсионидошта мебошад. Таъкид шуд, ки коррупсия дар ҷаҳони муосир аз ҷумлаи монеаҳои ҷиддӣ дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон маҳсуб меёбад. Бинобар ин, муқовимат бо коррупсия ҷузъи муҳимми сиёсати ҳуқуқии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқи он раъйи қавии сиёсӣ, ташаккули заминаҳои боэътимоди ҳуқуқию ниҳодӣ, банақшагирии стратегӣ ва ҷалб намудани аҳли ҷомеа, хусусан синфи зиёиро тақозо менамояд, - гуфт Ҳаитов. 
Инчунин дар рафти вохӯрӣ гуфта шуд, ки ба шарофати ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо ҳамагуна шароит фароҳам оварда шуда, иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимият ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб таъмин карда шудааст. Аз ҷумла, дар ин самт қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба талаботи замон ҷавобгӯ қабул шуда, ниҳоди махсусгардонидашудаи давлатӣ–Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва ниҳоди умумимиллӣ–Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсия таъсис дода шудаанд. Гузашта аз ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии муҳимтарин конвенсияҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ дар соҳаи мубориза бо коррупсия буда, дар Осиёи Марказӣ ягона кишваре мебошад, ки аз лаҳзаи таъсиси Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ва Рушд (соли 2003) узви он мебошад. 
Дар ҷамъбаст гуфта шуд, ки мубориза алайҳи коррупсия як муборизаи тӯлонӣ ва дастаҷамъӣ буда, самаранок гузаронидани он ба амалӣ сохтани як қатор чорабиниҳо вобаста аст. Бинобар ин, даъват ба амал оварда шуд, ки имрӯз бояд ҳар як устод ва донишҷӯ баҳри решакан кардани амалҳои коррупсионӣ саҳми арзандаи худро гузоранд. 


Муборак Назримадзода, эдвайзер оид ба тарбияи факултет