Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Натиҷаҳои назарраси илмӣ

Дар чанд рӯзи охир дар таълимгоҳ хабарҳои хуш аз дифои рисолаҳои номзадии устодон паҳн шудаанд, ки боиси шодмонист ва барои тақвияти заминаи илмии донишгоҳ мусоидаткунанда. 


Ин навбат Ғафуров Ғиёсиддин Садрудинович, муаллими калони кафедраи фаъолияти бонкии донишгоҳ санаи 27-уми сентябри соли равон дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-021-и назди Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ дар мавзӯи «Такмили инструментҳо ва методҳои идоракунии бахши ҷамъиятии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон» рисолаи номзадияшро бомуваффақият ҳимоя намуд. Номбурда аз рӯи ихтисоси 05.13.10 - идоракунӣ дар низомҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ таҳти роҳбарии номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи назарияи иқтисодии ДДМИТ Муртазоев Нурулло кори илмии хешро дифоъ намуд. 


 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg


Рӯзи 9-уми октябр Шодмонов Миралӣ Уроқбоевич, муаллими калони кафедраи математикаи олӣ дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-012-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Баъзе масъалаҳои ҳамроҳшудаи канорӣ бо ҷаҳиш дар ҳолати сингулярӣ» аз рӯи ихтисоси 01.01.01 таҳлили ҳақиқӣ, комплексӣ ва функсионалӣ зери роҳбарии доктори илмҳои физикаю математика, профессор Усмонов Нурулло ҳимоя намуд. 


Санаи 10 октябр Мирзоева Евгения Шуҷоатбековна, муаллими калони кафедраи менеҷменти молиявӣ дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-029-и назди Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон дар мавзӯи “Такмилдиҳии идоракунии фаъолияти инноватсионӣ-инвеститсионии корхонаҳои саноати сабуки Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз рӯи ихтисоси 08.00.05 – иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ: иқтисодиёт, ташкил ва идоракунии корхонаҳо, соҳаҳо, комплексҳо (идоракунии инноватсияҳо) зери роҳбарии доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Комилов Сироҷиддин Ҷалолиддинович сарбаландона ҳимоя намуд. 


Рӯзи 12 октябр Убайдуллоев Фаредулло Каримович, муаллими калони кафедраи назарияи иқтисодӣ дар мавзӯи «Категорияи «адолат» дар низоми муносибатҳои тақсимотии иқтисодӣ дар афкори мутафаккирони асримиёнагии тоҷик» аз рӯи ихтисоси 08.00.01 – назарияи иқтисодӣ (таърихи афкори иқтисодӣ) дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-004-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, узви вобастаи АИ ҶТ Саидмуродов Лутфулло Ҳабибуллоевич бомуваффақият дифоъ кард. 
Мо олимони ҷавонро бо ин дастоварди ниҳоят муҳим муборакбод намуда, баҳрашон парвозҳои нави эҷодиро таманно карда, боварию умед дорем, ки корҳои илмии анҷомёфта барои пешрафти кишвар дар амалия татбиқ карда мешаванд.