Хабарҳо
Нақши ҷавонон дар рушди соҳибкорӣ
Ҳамасола 14-уми октябр дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон «Рӯзи соҳибкорон» ҷашн гирифта мешавад. Вобаста ба таҷлили бошукуҳи ин рӯз бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ДДМИТ конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Нақши ҷавонон дар рушди фаъолияти соҳибкорӣ» бахшида ба «300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар конфронс намояндагони вазорату идораҳо, ташкилотҳои қарзӣ ва устодону донишҷӯёни ДДМИТ баромад ва иштирок доштанд.
Дар оғоз Дилноза Аҳмадзода, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба нақши ҷавонон дар рушди соҳибкорӣ ва дастгирии онҳо аз ҷониби давлат суханронӣ намуд. Мавсуф гуфт, ки имрӯз ДДМИТ яке аз донишгоҳҳои пешрафтаи кишвар ба шумор рафта, дар омодакунии кадрҳои соҳибихтисоси самти иқтисод ва молия нақши назаррас мегузорад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии соҳибкорон тамоми шароитҳоро фароҳам овардаанд, ки ҳавасмандгардонии соҳибкорони ҷавон дар ин самт хеле муҳим арзёбӣ мешавад. Дар баробари ин, ба масъалаи дастгирии бахши хусусӣ, рушди соҳибкорӣ миёни бонувон, дастгирии соҳибкорони ҷавон ва ҷалби ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ диққати махсус зоҳир шуда, дар заминаи он лоиҳа ва барномаҳои махсус амалӣ карда мешаванд. Ин аст, ки бо мақсади дастгирии минбаъдаи соҳибкорон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ» амалӣ карда шуда истодааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни манзури Паёми худ санаи 26-уми декабри соли 2018 ба Парлумони мамлакат иброз намуда буданд, ки «ин кори бисёр муҳим буда, ба воситаи курсҳои махсус ва ҷалби ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ ба ин соҳа такон бахшида мешавад. Чунин таҷрибаҳо ҳатто дар Аврупои пешрафта низ бисёр маъмул аст. Дар Аврупо ба воситаи курсҳои махсус ба соҳибкорон кумак мекунанд ва дониши онҳоро сайқал медиҳанд». Бинобар гуфтаҳои Пешвои миллат ҳамаи ҷавонони соҳибкор, ки мехоҳанд дар пешбурди иқтисодиёти кишвар саҳм гузоранд, аз ҷониби давлат дастгирӣ карда мешаванд.
Дар конфронс инчунин Гулбаҳор Назирӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Кумита оид ба иқтисод ва молия, Моҳбону Накатова, директори Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии Бонки миллии Тоҷикистон, Суҳроб Қудратов, сармутахассиси раёсати ислоҳоти иқтисодӣ ва рушди бахши хусусии Сарраёсати таҳлили мақроиқтисодӣ, дурнамо ва ислоҳоти иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҳбуба Қаҳҳорова, сармутахассиси раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фаридун Мирзоев, муовини сардори раёсати сайёҳии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваҳдат Дайхудоев, муовини декан оид ба тарбияи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон ва Куҳзод Шодиев, муаллими калони кафедраи таҳлили иқтисодии ДДМИТ оид ба рушди соҳибкории хурду миёна дар кишвар, имкониятҳои фароҳамовардашуда барои соҳибкорон, роҳҳои пешбурди иқтисоди миллӣ бо истифода аз рушди соҳибкорӣ ва ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар ин самт баромад ва музокира намуданд.
Дар баромадҳо гуфта шуд, ки Ҳукумати мамлакат вобаста ба фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорон ҳамасола ислоҳоти муҳимро дар самтҳои гуногуни иқстисодиёт, аз ҷумла содагардонии расмиёти бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ, ҳимоя ва дастгирии соҳибкорону сармоягузорон, такмили низоми андозбандӣ, содагардонии санҷишҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ислоҳоти низоми иҷозатномадиҳӣ амалӣ намуда истодааст. Ҳамчунин, барои дастгирии давлатии бахши хусусӣ ва рушди соҳибкории хурду миёна аз буҷети давлат маблағҳои мақсаднок ҷудо карда мешаванд.
Бо дарназардошти аҳамияти бузурги бахши хусусӣ Ҳукумати мамлакат ҳамеша ба такмил додани механизмҳои иқтисоди озод, сода гардонидани гизоми андозбандӣ, ислоҳоти сохторҳои молиявию бонкӣ ва суғурта, ки ба дастгирӣ ва рушди бахши хусусӣ мусоидат мекунад, тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Дар анҷоми конфронс саволу ҷавоб сурат гирифт.
Раҳимзода Н.