Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҳавасмандгардонии донишҷӯён

Ҳавасмандгардонии донишҷӯён

Бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонӣ дар самти илмомӯзӣ, фарҳангдӯстӣ, хештаншиносӣ, меҳанпарастию ифтихори миллӣ, тавсеаи ҷаҳонбинӣ ва маърифатнокӣ, таҳким бахшидани тарбияи маънавию ахлоқӣ, соҳибмаърифатию ташаббускорӣ ҷиҳати ширкат дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ мувофиқи фармоиши ректори ДДМИТ Шукрулло Хайрзода ба роҳбари гурӯҳи махсуси донишҷӯёни донишгоҳ, мудири кафедраи аудит ва ревизияи факултети ҳисобдорӣ ва омор Манучеҳр Садриддинов ва донишҷӯёни гурӯҳ, дар умум 18 адад планшети тамғаи Enter Helix бо ҷилдпӯшаш тақдим карда шуд. 


Ҳадаф аз тақдими планшетҳо ба донишҷӯёни гурӯҳи махсус ин бо усули муосир ба роҳ мондани раванди таълим дар гурӯҳ арзёбӣ мешавад. Зимни қадрдонӣ декани факултети молия ва қарз Ҳакимбек Сандалов иброз дошт, ки минбаъд ҳамаи донишҷӯён метавонанд дар раванди дарс аз планшетҳо истифода баранд, дар баробари ин, имконияти гирифтани шакли электронии лексияҳои омӯзгоронро низ доранд. Ҷавобан ба боварӣ ва қадрдонии роҳбарияти донишгоҳ донишҷӯён бояд фаъол, ташаббускор ва фарқкунанда бошанд.