Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Эҳтироми забон, эҳтиром ба миллат аст

Эҳтироми забон, эҳтиром ба миллат аст

Санаи 4-уми октябри соли равон Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба бузургии забони тоҷикӣ чунин гуфтанд, ки «Олимону донишмандони сатҳи ҷаҳонӣ эътироф кардаанд, ки дар таърихи тамаддуни башар тоҷикон ҳамчун халқи ориёинажод яке аз миллатҳои қадимтарин ва забони модарии мо, яъне забони тоҷикӣ аз ҷумлаи забонҳои бостонии сайёра ба ҳисоб мераванд ва дар ин хусус ҳазорон таҳқиқоти илмӣ анҷом дода шудаанд». Аз ин таъкидҳои Пешвои миллат бармеояд, ки забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қадимтарин ба ҳисоб меравад ва эҳтироми он барои миллати тоҷик ногузир аст. Вобаста ба таҷлили Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон чанде пеш дар факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт чорабинии илмӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ донишҷӯёни курси якуми факулта бо мақсади гиромидошти забони давлатӣ ва омӯзгорон баромад намуданд. 
Зимни суханрониҳо гуфта шуд, ки имрӯз ҳар як зиёӣ талош меварзад, ки забон ва фарҳанги миллиро ҳифз намуда, густариш диҳад ва онро ба ҷаҳониён ба таври арзанда муаррифӣ намояд. Дар даврони истиқлолияти давлатии кишварамон забони шевое, ки бо он аз шоири забардасти адабиёти тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ то бунёдгузори адабиёти навини тоҷик – Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ва адибону олимони муосир осори гаронбаҳои илмиву адабӣ эҷод намудаанд, ба маснади волои худ нишаста, муаррификунандаи ҳақиқии соҳибони худ – миллати тоҷик дар ҷаҳони муосир гардид. Нақши донишҷӯён низ барои таблиғ ва густариши забони давлатӣ назаррас аст. Бинобар ин бояд фаромуш накард, ки дар давраи ҷаҳонишавӣ умр ба сар мебарем ва он ба мероси маънавии халқу миллатҳо таҳдид менамояд. Ягона роҳи ҳифзи ин мерос талоши ҳарчи бештар мустаҳкам намудани пояҳои муқаддасоти миллист, ки забони давлатӣ яке аз он шоҳсутунҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. 
Инчунин барои ҷалб кардани донишҷӯён барои пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва саҳми худро гузоштан дар илми тоҷик музокира ва суолу ҷавоб сурат гирифт.