Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Саноатикунонии кишвар – ҳадафи миллӣ

Саноатикунонии кишвар – ҳадафи миллӣ

Истеҳсолоти саноатӣ пешбарандаи иқтисоди миллӣ, таъминкунандаи шуғли аҳолӣ, сарчашмаи даромади буҷети давлатӣ ва дар маҷмӯъ, омили муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ мебошад. Вобаста ба нақши саноат санаи 14-уми октябри соли ҷорӣ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони соҳаи саноати кишвар чунин иброз доштанд, ки «дар шароити имрӯзаи пешрафти иқтисодӣ соҳаи саноат яке аз соҳаҳои муҳимми иқтисоди миллӣ маҳсуб ёфта, таъмин намудани рушди он яке аз вазифаҳои афзалиятнок ба шумор меравад». Вобаста ба саноатикунонӣ ва рушди ин соҳаи иқтисод дар Тоҷикистон санаи 16-уми октябри соли равон дар ДДМИТ маҳфили «Коршиноси иқтисодӣ» баргузор гардид, ки дар он доираи васеи устодон иштирок доштанд. 
Дар маҳфил Ҳисайн Исайнов, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Саноатикунонии кишвар ва нақши он дар рушди иқтидорҳои содиротию инноватсионӣ» баромад намуд. Номбурди зимни баромад муҳиммияти саноатикунонии кишварро дар чанд соли ахир шарҳ дода, нақши неругоҳҳои барқиро дар пешбурди соҳа муҳим арзёбӣ кард. Инчунин, профессор сабабҳо ва имкониятҳои рушди саноатикунонии кишварро шарҳ дода, афзуд, ки ҷумҳурии мо кишвари аграрист ва дар навбати аввал метавон ба рушди саноатикунонии маҳсулоти кишоварзӣ гузашт. Дар ояндаи наздик пас аз рушди соҳаи саноати сабук ба равнақи дигар соҳаҳои саноат: электроэнергетика, химия ва мошинсозӣ таваҷҷуҳ дода шавад. Зина ба зина гузаштан ба саноати вазнин муҳим аст, зеро он пояи асосии тамоми иқтисодиёт ва ҳамчун асос барои такрористеҳсоли васеъ ва инкишофи иқтисодии ҳамаи субъектони давлат баромад мекунад. Ин аст, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар самти аз кишвари аграрию индустриалӣ ба кишвари индустриалию аграрӣ (ҳадафи чоруми стратегӣ) табдил додани ҷумҳурӣ иқдоми қобили мулоҳиза ва саривақтист. Барои ба кишвари индустриалӣ табдил ёфтан, пеш аз ҳама, мавҷудияти ду омили асосӣ — энергия ва фаъолияти бемамониати инфрасохтори нақлиётӣ зарур аст. Хушбахтона, аз се ду ҳадафи стратегие, ки дар назди Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор доштанд, иҷро шуданд, ки заминаи мустаҳкам барои ҳадафи чорум «саноатикунонии босуръати кишвар» ба ҳисоб мераванд, гуфт дар охир баромадкунанда. 
Korshinos4001.jpgДар идомаи маҳфил мудири кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ, дотсент Саъдихуҷа Маъдиев дар мавзӯи «Зарурати таъмини самаранокии молиявии ҳифзи муҳит дар раванди саноатикунонии кишвар» баромад намуд. Мавсуф зимни баромад вобаста ба баланд бардоштани самаранокӣ ва таъмини шаффофият дар раванди саноатикунонӣ ибрози андеша намуд. С.Маъдиев илова дошт, ки ҳамаи ин омилҳо сабаб мегарданд, ки иқтисоди кишвар дар муддати кутоҳ мавқеи устуворро дар бозори ҷаҳонӣ соҳиб шавад. Чун ин навъ таҷрибаҳо дар иқтисодиёти кишварҳои аз ҷиҳати иқтидори иқтисодӣ бузург ба мисли Ҷопон, Ҷумҳурии мардумии Чин, Олмон ва ИМА санҷида шудаанд. 
Ёдовар бояд шуд, ки бо назардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон саноатикунонии кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардид. Дар анҷом музокира ва суолу ҷавоб сурат гирифт. 


Н.Раҳимзода