Хабарҳо
Семинари минтақавӣ оид ба таҷрибаи Идоракунии молияи давлатӣ барои кормандони молияю андоз ва бонкӣ дар ш. Кӯлоб
17 октябри соли равон дар Раёсати минтақавии молияи ш. Кулоб семинари амалӣ дар мавзӯи " Таҳкими салоҳият ва мубодилаи таҷрибаи Идоракунии молияи давлатӣ дар ҳамкорӣ бо муаллимони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон”, бо ибтикори Қисмати 4 Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо оид ба дастгирии самтҳои ҷудогонаи ислоҳоти Идоракунии молияи давлатӣ: Лот 1 доир гардид. Семинари якрӯза барои кормандони Раёсати молия ва нозироти андоз, инчунин бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” дар минтақаи Кӯлоб ташкил карда шуд.
Семинарро бо сухани ифтиҳоҳӣ коршиноси Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо оид ба дастгирии самтҳои ҷудогонаи ислоҳоти Идоракунии молияи давлатӣ: Лот 1 Искандар Давлатов ҳусни оғоз бахшида, сипас мудири кафедраи менеҷменти молиявии ДДМИТ Нуров Ш.С., омӯзгорони ҳамин кафедра Мирзоева Э.Ш. ва Ҳакимова М.С., ҳамчунин коршиноси байналмилалии Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо оид ба дастгирии самтҳои ҷудогонаи ислоҳоти Идоракунии молияи давлатӣ: Лот 1 Иванов С.Ю. баромад намуданд.
Дар семинар мушкилот ва масъалаҳои марбут ба истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ, самтҳои асосии сиёсати молиявӣ ва дурнамои идоракунии молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин усулҳои муосири Идоракунии молияи давлатӣ ва истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҷараёни семинар аз ҷониби устодони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон се машғулияти хеле шавқовари интерактивӣ оид ба таҳлили маҷмӯии тавозуни бахши давлатии кишварҳои ИДМ гузаронида шуд. Пас аз он ширкаткунандагон ба саволҳои худ посух гирифтанд.
Лозим ба ёдоварист, ки оғози фаъолияти лоиҳа дар соли 2015 дар доираи Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо оид ба дастгирии самтҳои ҷудогонаи ислоҳоти Идоракунии молияи давлатӣ: Лот1, беҳтар шудани сифати таълим дар ДДМИТ аз ҳисоби татбиқи чорабиниҳои зерин ба назар мерасад:
1. Худбаҳодиҳии ДММТ ва санҷиши пешрафти он мувофиқи Стандартҳо ва тавсияҳо барои кафолати сифати таҳсилоти олӣ дар фазои аврупоӣ (ESG).
2. Иштироки беҳтари муаллимони донишгоҳ дар таҳқиқот ва нашри мақолаҳои илмӣ.
3. Аттестатсияи омӯзгорон вобаста ба натиҷаҳои бадастомада (таълим ва таҳқиқот).
4. Мустаҳкам кардани истифодаи усулҳои амалӣ дар таълим
5. Арзёбии танзимии дастовардҳои донишҷӯён.
Дар семинари гузаронидашуда натиҷаҳои зерин ба даст оварда шуданд:
- Таҷрибаи Идоракунии молияи давлатӣ ба муассисаҳои минтақавӣ дода мешавад;
- Салоҳияти омӯзгорони ДДМИТ дар робита бо татбиқи амалии ИМД меафзояд;
- Густариши обрӯю эътибори ДДМИТ ҳамчун муассисаи таълимӣ ва илмиву таҳқиқотии идоракунии молияи давлатӣ;
- Афзоиши саҳми дастгирии Иттиҳоди Аврупоро дар бахши ИМД.