Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Баланд бардоштани хештаншиносӣ ва ҳувияти миллӣ

Баланд бардоштани хештаншиносӣ ва ҳувияти миллӣ

Бо якҷоягии раёсати корҳои тарбиявӣ ва садорати факултети иқтисод ва бизнес дар хобгоҳи №2-и ДДМИТ дарси тарбиявӣ дар мавзӯи «Баланд бардоштани савияи дониш, дараҷаи ҷаҳонбинӣ, хештаншиносӣ ва ҳувияти миллӣ байни донишҷӯён» баргузор гардид. 
Ҷовидон Халифазода, эдвайзер оид ба тарбияи факулта зимни баромад чунин иброз дошт, ки имрӯз терроризм ва ифротгароӣ барои пешрафт ва нумӯи тамоми кишварҳои олам монеаи бузургеро эҷод намудааст. Иттилоотнокии мунтазами ноболиғону ҷавонон аз хатарҳои терроризм ва тундгароӣ барои ояндаи орому осоиштаи кишвар мусоидат менамояд. Имрӯз, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ аст, тарбияи ватанпарастӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон муҳимтарин воситаи ҳаракатдиҳандаи пешрафти ҷомеа ба ҳисоб меравад. 
Ватандӯстии ҷавонон дар шароити кунунӣ аз шинохти мавқеи таърихии худ, мавқеи имрӯза ва ояндаи миллати худ ҳамчун узви ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ иборат мебошад, ки хусусиятҳои рӯҳиву равонии аъзои ҷомеа ва ифтихори созандагии миллиро инъикос менамояд. 
Дар охир гуфта шуд, ки ҳисси ватандӯстӣ, ки яке аз рукнҳои ҳувияти миллии мардуми тоҷик аст, омили асосии эмин нигоҳ доштани ҷавонон аз таҳдидҳои замони муосир ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, маҳз ватандӯстӣ метавонад бар зидди таҳдидҳои замони муосир ҳамчун қувваи бузурги муҳофизатии Ватану таърихи он ва рӯҳияи шикастнопазири миллат табдил ёбад. 


Мақсуд Раҷабов, мутахассиси раёсати корҳои тарбиявӣ оид ба хобгоҳҳо