Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Танзим баракати зиндагист

Танзим баракати зиндагист

Мувофиқи нақша-чорабиниҳои раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ шомгоҳон дар хобгоҳҳои донишҷӯён бо иштироки устодони кафедраҳои тахассусӣ ва умумидонишгоҳӣ дарсҳои сиёсӣ гузаронида мешавад. Ин навбат дар хобгоҳи №2-и донишгоҳ сардори бахши таъминоти ҳуқуқии донишгоҳ н.и.ҳ., дотсент Ҳаитов Сайидалӣ вобаста ба мавзӯи “Баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқӣ байни ҷавонон” маърӯза намуд. Дар рафти баромад мавсуф вобаста ба иҷроиши бандҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар санадҳои меърию-ҳуқуқӣ аз тарафи муҳассилин истода гузашт. 
Ҳаитов С. дар бораи ин қонун истода гузашта, баъзе бандҳои онро шарҳ дод, мавсуф дар бораи қайди рӯзи таваллуд, ки танҳо дар доираи оила қайд карда мешавад, ёдрас шуда, иҷрои онро ҳатмӣ донист. 
Ҳамзамон, дар бораи меъёрҳои гузаронидани тӯйҳои арӯсию домодӣ, хатнасур ва дигар анъанаҳо, ки дар қонун оварда шудаанд, маълумот дод. 
Дар охир, Ҳаитов С. аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки ба қонуни мазкур риоя кунанд, зеро танзими ҷашну маъракаҳо барои беҳбудии зиндагии мардум пешбинӣ шуда, исрофу худнамоишдиҳиро дар маъракаҳо аз байн бурд, ки ба фоидаи буҷети ҳар оила мебошад. Дар охир доир ба мавзӯи матраҳгардида суолу ҷавоб сурат гирифт. 


Мақсуд Раҷабов, мутахассиси раёсати корҳои тарбиявӣ оид ба хобгоҳҳо