Хабарҳо
Чораҳои муассир дар самти муқовимат бо коррупсия
Санаи 16-уми октябри соли равон ҷаласаи ғайринавбатии раёсати ДДМИТ бо иштироки Ҳасан Розиқзода ва Абдукарим Маҷидӣ, сарнозирони Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар аввал ректори донишгоҳ Шукрулло Хайрзода иброз дошт, ки донишгоҳ аз ҳамкорӣ ва дастгириҳои бевоситаи кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти амалигардонии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти пешгирии амалҳои коррупсионӣ сипосгузор буда, минбаъд низ барои решакан кардани амалҳои номатлуб ҳамкориҳои қавиро бо Агентӣ ба роҳ мемонад.
Дар идома Ҳасан Розиқзода вобаста ба татбиқи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 дар донишгоҳ изҳори қаноатмандӣ намуд. Номбурда иброз дошт, ки дар вақти гузаронидани санҷиши нақшавӣ аз 12-ум то 22-юми сентябри соли 2019 сардори раёсати таҳлили хавфҳо ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентӣ полковник Расулӣ Барот ва мутахассиси Агентӣ Аҳлиддини Муҳриддин тавсияву пешниҳодҳоро оид ба пешгирӣ ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани коргузорию ҳуҷҷатнигорӣ ба шахсони масъули донишгоҳ иловатан омӯзонданд.
Дар ДДМИТ, дар маҷмӯъ, 231 адад камераҳои назоратӣ насб карда шудааст, ки ҷиҳати пешгирӣ ва ба амалҳои коррупсионӣ даст назадан роҳандозӣ гардидааст. Ҳамзамон, барои шаффоф гузаштани дарсҳо дар бештари синфхонаҳои таълимии биноҳои донишгоҳ камераҳои назоратӣ насб карда шудаанд, ки аз тарафи садорати факултетҳо назорат карда мешаванд.
Дар идома гуфта шуд, ки донишгоҳ ҳамчун як қишри ҷомеаи шаҳрвандии давлати ҳуқуқбунёд ҳамавақт аз пайи он мекӯшад, ки мутахассисони пуртаҷрибаро дар сатҳи зарурӣ дар ҷодаи ҳуқуқ, иқтисодиёт, молия, бонкдорӣ, суғурта, андоз ва андозбандӣ, гумрук ва ғайра тайёр намояд.
Инчунин, ректор Шукрулло Хайрзода дар рафти ҷаласа иброз дошт, ки ҳоло дар донишгоҳ ҳама санҷишу имтиҳонҳо тариқи Маркази тестии муассиса ҷараён мегирад. Дар баробари ин, таҳсили фосилавии толибилмон низ тариқи онлайнӣ сурат мегирад. Дар нақша аст, ки минбаъд имтиҳонҳои хатми давлатии донишҷӯёни таълимгоҳ низ тариқи тестӣ ба роҳ монда шавад, ки ин боиси боз ҳам пешгирии амалҳои коррупсионӣ зимни гузаронидани имтиҳонҳо мегардад,
Дар охир, хулоса ва пешниҳодҳои судманд ироа гардида, иброз дошта шуд, ки фаъолияти ДДМИТ дар ин самт ҷиддӣ ва муассир ба роҳ монда шуда, кормандон татбиқи нишондод ва зарурату моҳияти мубориза бо коррупсияро хуб дарк намуда, минбаъд низ дар ин самт устуворона муқовимат нишон хоҳанд дод.