Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Таҷлили Рӯзи байналмилалии омор дар ДДМИТ

Таҷлили Рӯзи байналмилалии омор дар ДДМИТ

Бо қарори Ассамблеяи генералии СММ дар панҷ сол як маротиба 20-уми октябр ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии омор қайд карда мешавад. Вобаста ба таҷлили ин рӯз, санаи 19 октябри соли равон дар ДДМИТ бо ташаббуси факултети ҳисобдорӣ ва омор дар мавзӯи «Омори фарогири молиявӣ: назария, методология ва амалия» мизи мудаввар баргузор гардид. Дар он Қиёмиддин Давлатзода, муовини Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Илҳом Набиев, муовини раёсати системаи ҳисобҳои миллӣ ва омори молия, Абдухалил Наҷибуллоев, сардори шуъбаи нарх ва тарифҳои агентӣ, Назар Солиев, сардори бахши тадқиқотии БМТ, Мадина Дилоева, мутахассиси шуъбаи методологияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ ва С. Мирзоев, дотсенти кафедраи омори ДМТ иштирок ва суханронӣ намуданд. 
Дар аввал Баҳром Сафаров, муовини ректор оид ба илми донишгоҳ баромад намуда, мутахассисони соҳа ва устодонро ба Рӯзи умумиҷаҳонии омор табрик гуфт. Дар рафти суханронӣ Б. Сафаров нақши оморро дар пешрафти иқтисоди ҷаҳони имрӯза муҳим арзёбӣ карда, ҷорӣ намудани иқтисоди рақамиро бо истифода аз ҳисобҳои оморӣ кори осон ва назаррас донист. 
Пас аз он, Қиёмиддин Давлатзода, муовини Директори Агентии омор аз ҳамкориҳои доимии ДДМИТ бо Агентии омор вобаста ба тайёр намудани кадрҳои соҳаи омор изҳорӣ қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки имрӯз Агентии омор бо мақсади баланд бардоштани сифати маълумоти оморӣ ва қонеъ гардонидани талаботи ҳисоботсупорандагон ва истифодабарандагони маълумоти оморӣ ҳамаи талошҳоро ба кор бурда истодааст. Ҳадафи агентӣ қонеъ гардонидани талаботи пешниҳодкунандагони ҳисоботҳои оморӣ ва истифодабарандагони иттилооти оморӣ ва дигар муроҷиаткунандагон мебошад. 
Ёдовар бояд шуд, ки агентӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати молия ва Бонки миллии Тоҷикистон омори молияи давлатиро тартиб медиҳад. Барои самаранок ба роҳ мондани ҳособотҳои оморӣ дар Тоҷикистон ҳоло лоиҳаи Стратегияи рушди омори Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030 таҳия шуда истодааст. 
Сипас Н. Солиев, н.и.и., дотсент, сардори бахши таҳқиқотҳои илмии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии БМТ дар мавзӯи «Ҷанбаҳои омӯзиши омории фарогирии молиявӣ», С. Мирзоев, н.и.и., дотсенти кафедраи омори ДМТ дар мавзӯи «Фарогирии молиявӣ дар низоми маориф ва илм» ва С. Маъдиев, н.и.и., дотсент, мудири кафедраи баҳисобгирии муҳосибии ДДМИТ дар мавзӯи «Зарурати баланд бардоштани таҳлилияти иттилооти оморӣ дар фарогирии молиявӣ» сухан ронда, бо факту далелҳои мушаххас фикру мулоҳизаҳои хешро вобаста ба самти молияи давлатӣ, фарогирии молиявӣ, ҳисоботҳои оморӣ, таҳлилҳои иттилооти оморӣ ва маърифати молиявӣ иброз намуданд. 
Дар анҷоми мизи мудаввар музокира ва пурсишу посух сурат гирифт. 


Н. Раҳимзода