Хабарҳо
Сайри Қалъаи Ҳисор
Дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» (2019-2021) ва вусъат додани сайёҳии дохилӣ ва дар ин замина шиносоӣ бо мавзеъҳои таърихӣ донишҷӯёни факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва тиҷорати байналмилалии ДДМИТ бо теъдоди 24 нафар донишҷӯёни курси якуми ихтисоси 1-26020210 менеҷмент дар соҳаи сайёҳии байналмилалӣ бо сарпарасти гурӯҳ ассистенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва тиҷорати байналмилалӣ Акрамова Б.А. барои боздид аз мавзеъҳои сайёҳӣ ва таърихӣ ба Қалъаи Ҳисори бостонӣ сафар намуданд. Сафари мазкур санаи 19 октябри соли равон сурат гирифт. Ҳайати сайёҳӣ дар оғози сафар аз мавзеи Қалъаи Ҳисор дидан намуданд.
Сипас бо Осорхонаи Қалъаи Ҳисор шинос шуда, аз бозёфтҳои қадимаи таърихии он маълумот пайдо карданд. Гурӯҳи донишҷӯён барои такмили дониши таърихии худ ба чанде аз саволҳои худ аз роҳбарияти осорхона посухҳои мушаххас гирифтанд.
Зимни боздид аз ин макони таърихӣ донишҷӯён бо ёдгориҳои таърихии осорхонаи Қалъа шиносоӣ пайдо карданд. Аз замони Шӯравӣ то имрӯз ёдгориҳои зиёди таърихӣ аз мавзеи Қалъаи Ҳисор дар асоси кофтуковҳои археологӣ ёфт шудаанд, ки ҳоло дар осорхонаи Қалъаи Ҳисор нигоҳ дошта мешаванд. Ногуфта намонад, ки ҳамасола аз ин осорхона сайёҳони зиёде дидан мекунанд ва ба ин нигораҳои таърихӣ баҳои баланд додаанд.
Бояд гуфт, ки ин гуна сафарҳо минбаъд ҳам идома меёбанд ва барои донишҷӯёни ихтисоси менеҷмент дар соҳаи сайёҳии байналмилалӣ шиносоӣ бо ин гуна мавзеъҳо барои фаъолияти минбаъда хеле созгор хоҳад буд.
Бибималика Акрамова, сарпарасти гурӯҳ