Хабарҳо
Роҳҳои такмили қонунгузории андози миллӣ
Масъалаи сода намудани низоми андозбандӣ, оммафаҳм гардонидани санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии марбут ба андозситонӣ метавонанд ба рушди минбаъдаи иқтисоди миллӣ ва таҳкими имкониятҳои буҷети давлатӣ мусоидат намоянд. Вобаста ба ин мавзӯъ санаи 22-юми октябри соли равон дар ДДМИТ мизи мудаввар баргузор гардид. Дар мизи мудаввар мутахассисон аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, БДА «Амонатбонк» ва дигар ташкилотҳо иштирок доштанд. Зимни баргузории мизи мудаввар Хуршед Ҷумабоев, директори Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии «Молия»-и ДДМИТ дар мавзӯи «Роҳҳои такмили қонунгузории андози миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуд. Х.Ҷумабоев ҳангоми баромад вобаста ба вазъи низоми андоз дар солҳои 1999-2004 сухан ронда, гуфт, ки пас аз таҳияи манти нави Кодекси андоз дар 1-уми январи соли 2005 меъёри андоз аз фоида аз 30% ба 25% паст карда шуд, имтиёзҳои нав ҷорӣ карда шуд: ҳамаи корхонаҳои соҳаи истеҳсолот дар соли ташкилёбиаш аз андоз аз фоида озод мебошанд (моддаи 145-и КАҶТ), корхонаҳо вобаста аз ҳаҷми сармоягузории солона ба муддати аз 2 то 5 сол андоз аз фоида озод мебошад (моддаи 145-и КАҶТ) ва дар андозбандии сохтмони НОБ аз пардохтҳои андозҳои зерин озод мебошанд-ААИ, андоз аз фоида, андози замин ва ғайра (моддаи 343-и КАҶТ). Ин аст, ки тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо кормандони молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо 10 майи соли 2019 баён гардиданд, ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.06.2019, №АП -1236 дар назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба таҳияи Кодекси андоз дар таҳрири нав таъсис дода шудааст.
Бо мақсади муайян намудани андешаҳои шаҳрвандон, андозсупорандагон, субъектҳои соҳибкорӣ, ташкилоту муассисаҳо оид ба камбудӣ ва норасоиҳои дар Кодекси андози амалкунанда ҷойдошта ва дар таҳрири нави Кодекси андоз бартараф намудани онҳо таклифу пешниҳодҳои худро ирсол медоранд. Ҳамчунин, қайд карда шуд, ки ҷамъоварии пешниҳодот ба лоиҳаи Кодекс дар сомонаи расмии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути равзанаи алоҳидаи “Пешниҳод ба Кодекси андоз-2020” амалӣ карда мешавад.
Ин роҳ имконият медиҳад, ки пешниҳодҳои шаҳрвандон доир ба содагардонии низоми маъмурии андозбандӣ ва кам кардани шумора ва ҳаҷми андозҳои мавҷуда ва ба ин восита афзун намудани шумораи андозсупорандагон дар маҷмӯъ мавриди дастгирӣ қарор дода шуда, ҳамзамон роҳҳо ва манбаъҳои ҷуброн кардани коҳиши даромад ба буҷети давлатӣ бояд дарёфт карда шаванд.
Дар анҷом музокира ва суолу ҷавоб сурат гирифт.