Хабарҳо
Меҳргон - ёдгоре аз фарҳанги ниёгон
Иди Меҳргон дар фарҳангу тамаддуни тоҷикон ҷойгоҳи ба худ хос дошта, маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолии мамлакат аз нав бо тамоми шаҳоматаш эҳё гардид. Тавре Пешвои миллат гуфтаанд:«Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст».
Рӯзи 23 октябр вобаста ба таҷлили ҷашни Меҳргон дар ДДМИТ бо ташаббуси кафедраи фанҳои гуманитарӣ мизи мудаввар баргузор гардид. Зимни баргузории чорабинӣ С.Эмомов, дотсенти кафедраи мазкур дар мавзӯи «Аз таърихи ҷашни Меҳргон» суханронӣ намуд. Мавсуф ёдовар шуд, ки Меҳргон аз ҷашнҳои бисёр бузург ва бо фарру шукӯҳи аҷдодони мо дар аҳди бостон будааст. Ин идро дар қадим Митроконо мегуфтанд ва баъдҳо номи Меҳргонро гирифт. Ин ҷашни бузург аз меҳррӯз (16 меҳр – 8 октябр) оғоз ёфта, то Ромрӯз (21 меҳр – 13 октябр), яъне шаш рӯз тӯл мекашид. Рӯзи оғози ҷашнро меҳргони омма ва рӯзи анҷомашро меҳргони хосса мегуфтанд. Дар аҳди Ҳахоманишиён Меҳргон бо шукӯҳу азамати хосе таҷлил мешудааст. Дар аҳди Сосониён низ ҷашни Меҳргон ҳам бо азамати иди Наврӯз таҷлил мешудааст. Чунончи шоҳаншоҳ Ҳурмузи Сосонӣ дар ҳама рӯзҳои Меҳргон ҷашн барпо менамуд ва ҳар панҷ рӯзро ба як табақа аз табақоти иҷтимоӣ аз ҷумлаи шоҳзодагон, мӯбадон, бозаргон, сипоҳиён ва деҳқонону косибон медодааст.
Дар идома аз ҷониби донишҷӯёни курси якуми факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ шеърҳо аз шоирони тоҷик дар васфи Меҳргон қироат карда шуд.
Ёдовар бояд шуд, ки Меҳргон аз соли 2009 инҷониб дар ҷумҳурӣ ҳамчун иди миллӣ эътироф гашта, дар сатҳи баланди ташкилию фарҳангӣ ва дар доираи чорабиниҳои давлатӣ таҷлил мегардад.
Раҳимзода Н.