Хабарҳо
Фаъолияти ҳизбӣ дар таълимгоҳ густурда аст
24 октябри соли равон дар донишгоҳ конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Молия ва иқтисод»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино баргузор гардид. Дар кори он раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино Заррина Файзуллозода ва аъзоёни ҲХДТ дар донишгоҳ иштирок намуданд.
Тибқи рӯзномаи конференсия ҳисоботи Шукрулло Хайрзода, раиси КИ ибтидоии «Молия ва иқтисод»-и ҲХДТ дар ноҳияи Сино дар соли 2019 шунида шуд. Ректор дар бораи фаъолияти пурсамари Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ маълумоти мушаххас дода, қайд намуд, ки Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Молия ва иқтисод» дар озмуни бахшида ба 25-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузоршуда, ки аз ҷониби КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино ташкил шуда буд, дар номинатсияи «Беҳтарин Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ» дар байни 7 КИ ҷойи аввалро гирифт, ки барои ҳамҳизбиён боиси шараф буда, нишонаи фаъолияти содиқонаи кумита аст.
Тавре Хайрзода Ш.Қ. қайд намуд, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби пешсаф буда, садоқат ба ормонҳои халқ ва соҳибиродаву бомасъулият будан ду рукни асосии он мебошад. Аъзои ҲХДТ будан ин шараф ва ифтихори ҳар як нафар буда, танҳо шахсони масъулиятшиноси худогоҳ метавонанд ба он аъзо шаванд. Айни ҳол шумораи аъзоёни ҲХДТ умум 1387 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 415 нафар омӯзгор ва боқимонда донишҷӯён буда, 420 нафар зан ва 967 нафар мард мебошанд. Қариб 80% аъзоёни ҳизбро ҷавонон ташкил медиҳанд ва он муҳаррики асосии ҳизб маҳсуб меёбад. Чун ҳадафи асосии ҲХДТ ин амалисозии ормонҳои мардум аст ва боварии комил дорем, ки дар ҳамдастӣ дар амри хайри бунёди ҷомеаи демократӣ, рушди иқтисоду фарҳангу маориф ва илм иқдом менамоем, гуфт дар охир ректор.
Дар идома ректор дар бораи корҳои анҷомдодаи КИ ибтидоии «Молия ва иқтисод»-и ҲХДТ ва иштироки он дар маъракаҳои сиёсӣ истода гузашта, соли сипаригардидаро дар андухтани малакаву маҳорати корҳои ҳизбӣ, таҳкими интизоми ҳизбӣ ва вусъати корҳои ободонӣ назаррас хонд.
Гуфта шуд, ки аъзоёни ҳизб дар самти роҳандозии ҳадафҳои барномавӣ, иҷрои вазифаҳои ҳизбӣ дар самти баланд бардоштани эътибори ҳизб дар ҷомеа ва тақвияти донишҳои сиёсию маънавӣ, масъулиятшиносӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва худшиносии ҷавонон дар таълимгоҳ як қатор тадбирҳо андешидаанд. Дар идома Фирӯз Қодиров, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ ва Меҳтар Содиқов, декани факутети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ ба музокира баромада, фаъолияти яксолаи КИ ибтидоии «Молия ва иқтисод»-ро қаноатбахш арзёбӣ намуданд. Гуфта шуд, ки қариб тамоми бандҳои Барномаи ҲХДТ дар таълимгоҳ амалӣ гардидаанд, ба монанди насби ливопоя, баланд бардоштани сифати таълим, нашри китобҳои дарсӣ ва иштирок дар чорабиниҳои сиёсӣ ва ба ҳамин монанд аст, ки он заминагузори ташкили зиндагии шоиста барои мардум мебошад.
Аз ин рӯ, ҳадафи асосии мо ин боз ҳам баланд бардоштани нуфузи ҳизб дар ҷомеа буда, онро танҳо дар такя ба суханрониҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иҷрои самимона ва содиқонаи вазифаҳои хеш амалӣ сохта метавонем, таъкид намуданд баромадкунандагон.
Баъдан аз рӯи масъалаи дуюм 13 нафар аъзои ташкилоти ибтидоии КИ ибтидоии «Молия ва иқтисод»-и ҲХДТ ва 40 нафар вакил ба Конференсияи 38-уми КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино интихоб гардиданд.
Дар конференсияи ҳисоботӣ-интихоботӣ, инчунин Файзуллозода З. баромад карда, дар ҳошияи суханрониҳои Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси КИ марказии ҲХДТ афзуд, ки ҳар як узви ҳизб барои татбиқи вазифаҳои стратегии Давлату Ҳукумат, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, вусъат додани ғояҳои созандаи ватандӯстона, тақвият бахшидани худшиносиву худогоҳии миллӣ минбаъд низ саҳми босазои худро бояд гузорад. Мавсуф аҳли нишастро бо дастболоӣ дар озмуни баргузоршуда муборакбод гуфт.
Сипас ба чанд нафар устоди донишгоҳ, аз ҷумла Сафаров Б., Ҷурахонзода Б., Сандалов Ҳ., Неъматов И. Сипосномаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино ва ба шахсони тоза ба сафи ҲХДТ шомилшуда дафтарчаҳои ҳизбӣ дар фазои тантанавӣ супорида шуд.
Дар анҷом, доир ба масъалаҳои матраҳгардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Машҳура Абдуллоева