Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Пешрафти илмӣ

Пешрафти илмӣ


Боиси ифтихор аст, ки рӯз ба рӯз теъдоди номзадони илм дар таълимгоҳ меафзояд, ки ин аз пешрафти илмӣ дарак медиҳад. Ин навбат рӯзи 18 октябри соли равон Сафаров Азизулло Исматуллоевич, ассистенти кафедраи фаъолияти бонкӣ рисолаи номзадиашро дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-021 дар назди Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Саидмуродов Лютфилло Ҳабибуллоевич - узви вобастаи АИ ҶТ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ муваффақона ҳимоя кард. Рисолаи илмии мавсуф масъалаҳои «Такмили методикаи арзёбӣ ва ояндабинии фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро фарогир аст. 



Him_nav400.jpgҲамзамон Наврӯзова Гулшан Турсуновна, мудири кафедраи забони русӣ рӯзи 26 октябр дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-036 дар назди Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи А.Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар мавзӯи “Шароити педагогии ташаккули худшиносии миллии ҷавонони донишҷӯ дар муҳити бисёрфарҳангӣ” (дар мисоли таълими забони русӣ ба донишҷӯёни гурӯҳҳои ғайризабонӣ) аз рӯи ихтисоси 13.00.01 – педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот (илмҳои педагогӣ) таҳти роҳбарии Файз Гулмадов, доктори илмҳои педагогӣ сарбаландона ҳимоя намуд. 


Мо бо ин дастоварди илмӣ Сафаров Азиз ва Наврӯзова Гулшанро сидқан муборакбод намуда, баҳрашон парвозҳои нави эҷодиро хоҳонем.