Хабарҳо
Бозомӯзии илмии омӯзгорони ҷавон
Дар доираи ҳамкориҳои раёсати ДДМИТ бо Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ дар самти илм ва таълим аз 12-ум то 30-юми апрели соли ҷорӣ 32 нафар устодони ҷавони донишгоҳ аз «Барномаи такмили ихтисос ва бозомӯзии илмии устодони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон» гузаронида шуд. Дар натиҷаи барнома ҳамаи устодон аз курси такмили ихтисос дар Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ гузаштанд. Санаи 24-уми октябри соли ҷорӣ сертификатҳои омӯзгорон аз ҷониби Баҳром Сафаров, муовини ректор оид ба илм супорида шуд.