Хабарҳо
Семинари илмӣ дар кафедраи математикаи олӣ
Санаи 24 октябри соли семинари илмӣ-методии кафедраи математикаи олӣ дар мавзӯи “Оид ба як хосияти нави муайянкунанда” баргузор гардид. Дар семинар Абубакр Кабиров, дотсенти кафедра оид ба коркарди нави илмии худ, ки ба хосиятҳои муайянкунанда вобаста аст, сухан ронда, ҳаққонияти онро бо мисолҳо шарҳ дод. Номбурда иброз дошт, ки матритсаҳои квадратӣ ва муайянкунандаҳои онҳо дар ҳалли як қатор масъалаҳои математикӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва ғайра васеъ истифода мешаванд. Яке аз хусусиятҳои муҳими методи матритсавӣ ин бомаврид истифода намудани хосиятҳои матритса ва муайянкунандаи он мебошад. Ҳамин аст, ки дар атрофи ин мавзӯъ тадқиқотҳои зиёде анҷом дода шудаанд.
Ҳамзамон дар семинар гуфта шуд, ки ин хосиятро, инчунин барои сохтани матритсаҳои квадратии тартибашон гуногун, ки муайянкунандаашон ба сифр баробар мебошад, истифода намудан мумкин аст.
Дар анҷоми семинар музокираю андешаронӣ ва саволу ҷавоб доир гардид.
Фарзона Ашурова, ҳуҷҷатнигори кафедра