Хабарҳо
Гумрук ҳамчун мақомоти ғанигардонандаи буҷаи давлат
Санаи 25-уми октябри соли равон дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалии ДДМИТ бо ибтикори кафедраи фаъолияти гумрукӣ маҳфили илмӣ баргузор гардид.
Дар ин маҳфил Дилшод Соибов, муовини сардори маъмурияти системаи иттилоотии автоматонидашудаи ягонаи (СИАЯ) Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва устодону донишҷӯён иштирок доштанд.
Сафарбек Ҳамидов, донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси хадамоти гумрук дар мавзӯи "Гумрук ҳамчун мақомоти ғанигардонандаи буҷаи давлат" маърӯза намуд.
Дар идома Дилшод Соибов вобаста ба нақши хадамоти гумрук дар ғанигардонии буҷаи давлат суханронӣ намуд. Номбурда дар рафти баромад ироа дошт, ки хадамоти гумрук чун дигар сохторҳои давлатӣ баҳри таъмини иҷрои як қисми даромади буҷети давлатӣ, ҳифзи амнияти иқтисодӣ, мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, пешгирии воридоти адабиёти ифротгароӣ, танзими тиҷорати хориҷӣ ва пешгирӣ аз содироти осори арзишманди таърихиву фарҳангӣ саҳми босазо дорад.
Дар анҷом музокираи озод ва суолу ҷавоб сурат гирифт.
Азамҷон Рафиқзода, донишҷӯи курси чоруми ихтисоси хадамоти гумрук