Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ташаккул ва рушди кластерҳо дар иқтисодиёти миллӣ

Ташаккул ва рушди кластерҳо дар иқтисодиёти миллӣ

Дар шароити гузариш ба модели индустриалию инноватсионӣ ташкили кластерҳои махсусгардонидашудаи иқтисодӣ ва коркарди онҳо дар раванди иқтисоди миллӣ ба мақсад мувофиқ аст. 
Вобаста ба дастовардҳо, мушкилот ва ҳалли масъалагузорӣ дар ин самт санаи 25-уми октябри соли 2019 дар факултети иқтисод ва бизнес бо ташаббуси кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ маҳфили «Зеҳн» баргузор гардид. Дар маҳфил академики Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалил Пиризода дар мавзӯи «Ташаккул ва рушди кластерҳо дар иқтисодиёти миллии Тоҷикистон» баромад намуд. 
Ташаккул ва рушди кластерҳо дар иқтисодиёти миллии Тоҷикистон ба беҳтаршавии зиндагии сокинони кишвар мусоидат менамояд. Ташкили кластерҳои иқтисоди миллӣ омили муҳимтарини таъмини рушди иқтисодиёти миллӣ, баланд бардоштани истеҳсолоти ватанӣ ва таъмини амнияти озуқавории кишвар муайян шудааст. Бо ин мақсад масъалаҳои истифодаи оқилонаи замин, баланд бардоштани ҳолати мелиоративӣ ва ҳосилнокии он, аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб мераванд. 
Академик Ҷ.Пиризода, инчунин дар баромад вобаста ба зарурати ташаккул ва рушди кластерҳо дар иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили низоми ҳамоҳангсози такондиҳандаи кластерҳои иқтисоди миллӣ, самаранок истифодабарии захираҳои иқтисодӣ ва истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда, таъминоти соҳа бо техникаи кишоварзӣ ва мошинолотҳо, мушкилоти корхонаҳои бо ашёи хом таъминкунанда суханронӣ намуд. Номбурда таъкид дошт, ки татбиқи кластерҳо дар иқтисодиёти миллии кишвар натиҷаҳои мушаххас хоҳад дод, аз ҷумла баланд бардоштани самаранокии соҳаи кишоварзӣ ба воситаи ширкати фаъолонаи бахши хусусӣ, алоқамандии илм бо истеҳсолот, рушди рақобат ва баланд бардоштани иқтидори содиротӣ, барқарор ва инкишофи системаи таъминоти воситаҳои зарурӣ, мебошад. 
Дар охир музокира ва суолу ҷавоб вобаста ба баланд бардоштани донишҳои иқтисодӣ ва рушди соҳаҳои он сурат гирифт.