Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҳукумати электронӣ: ҳолат ва дурнамои он

Ҳукумати электронӣ: ҳолат ва дурнамои он

Санаи 28-уми октябри соли равон дар факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт маҳфили “Зеҳн” дар мавзӯи “Ҳукумати электронӣ: ҳолат ва дурнамои он” баргузор гардид. Дар маҳфил дотсент Ф.Раҳимов маърӯза намуда, вобаста ба мушиколот дар самти ҳукумати электронӣ ва роҳҳои ҳалли он баромад намуд. Номбурда зимни маърӯза таъкид дошт, ки мушкилоти дар ин самт ҷойдошта ин сохтори мураккаби ҷуғрофӣ, парокандагии шабакаҳо, барномаҳои фаъолият, заминаи номукаммали ҳуқуқӣ, заминаи нокифояи техникӣ, нарасидани мутахассисони баландихтисос, зичии пасти шабакаи телефонӣ дар деҳот, нархҳои баланди хизматрасонии алоқа, хусусигардонии васоити алоқа ва таъмини минтақаҳои дурдаст бо системаи алоқа мебошад. 
Барои бартараф намудани ин мушкилот пешниҳод шуд, ки ҷиҳати амалисозии бандҳои барномаи ҳукумати электронӣ дар заминаи талаботи низоми кредитии таълим хуб ба роҳ монда шавад, маводи электронии ҷавобгӯ ба талаботи замон таҳия ва пешниҳоди донишҷӯён гардад ва таъмини воситаи алоқа ба минтақаҳои дурдаст бо системаи алоқа имконпазир бошад. 
Бояд ёдовар шуд, ки ҳукумати электронӣ чунин ҳукумате мебошад, ки технологияҳои иттилоотию коммуникатсиониро бо мақсади табдили муносибатҳои дохилӣ ва берунии худ истифода мекунад. Ҳукумати электронӣ истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсиониро дар мақомоти идоракунии давлатӣ, ки дар ҳамбастагӣ бо тағйироти ташкилӣ ва ҷорисозии малакаҳои нав хизматрасонии давлатӣ ва равандҳои демократиро такмил дода, дастгирии ниҳодҳои сиёсати давлатиро таъмин менамояд. 
Дар анҷом музокира ва суолу ҷавоб сурат гирифт. 


Умар Воҳидов, муовини декан оид ба илм