Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Рушди сайёҳӣ ва ҷанбаҳои самаранокии он

Рушди сайёҳӣ ва ҷанбаҳои самаранокии он

Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин, муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин санаи 30-юми октябри соли равон дар кафедраи менеҷменти молиявӣ маҳфили илмӣ дар мавзӯи «Рушди сайёҳӣ ва ҷанбаҳои самаранокии он ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар маҳфил Шарифхон Ғуломов, донишҷӯи курси чорум вобаста ба самтҳои афзалиятноки соҳаи туризм баромад намуд. Номбурда зимни маърӯза гуфт, ки бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат дар дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, беҳтар гардидани симои сайёҳии кишвар дар арсаи байналмилалӣ ва ҷалби сармоя ба инфрасохтори соҳа, солҳои 2019 -2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид. Ин иқдом барои истифодаи самараноки имкониятҳо барои рушди инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ, мукаммалгардонии омори сайёҳӣ, ҷалби сармоя дар ин самт ва омода кардани кадрҳои болаёқат заминаи мусоид мегузорад. 
Ташаббуси навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ироаи Паём ба Маҷлиси олӣ эълон намудани соли 2019 -2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз ҷониби тамоми қишрҳои ҷомеа бо ҳамовозӣ ва дилгармии хос истиқбол карда шуд. Дар ин давра дар самти ташаккули заминаҳои меъёри ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти устувори соҳа ва татбиқи босамари сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018, №80 Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2018-2020 тасдиқ гардид. 
Дар баробари ин Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ (СУС) соли 2020-ро “Соли рушди сайёҳӣ ва минтақаҳои деҳот” эълон намуд. Дар пайравӣ ба ташаббуси навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шудани соли 2020 ҳамчун “Соли рушди сайёҳӣ ва минтақаҳои деҳот” аз он шаҳодат медиҳад, ки ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат саривақтӣ буда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб пазируфта шуда, дар сатҳи байналмилалӣ пайравӣ ва татбиқ гардида истодаанд. 
Дар анҷом вобаста ба мушкилот ва рушди соҳаи сайёҳӣ дар кишвар музокира ва суолу ҷавоб сурат гирифт. 


Ҳумайнӣ Саъдиев