Хабарҳо
Фаъолияти молиявии сиёсати берунӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ
Санаи 28 октябри соли ҷорӣ дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ маҳфили илмии "Зеҳн" баргузор гардид. Дар маҳфили илмии "Зеҳн" Ҷамшед Шералиев, корманди Сарраёсати буҷети давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Фаъолияти молиявии сиёсати берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ” баромад намуд.
Ҷ.Шералиев дар аввал оид ба самтҳои фаъолияти вазорат, низоми буҷети давлатӣ, фаъолияти молиявии сиёсати берунии кишвар, заминаҳои муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушд дар давраи то соли 2030 ва ҳадафҳои стратегии СМР-2030 ба ҳозирин маълумот дод. Номбурда иброз дошт, ки имрӯз Вазорати молия барои пешбурди сиёсати ягонаи давлатӣ ва батанзимдарории меъёрии ҳуқуқии фаъолияти молиявӣ, таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои буҷету андоз, таҳияи лоиҳаи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии дахлдор, баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ, банақшагирии буҷети фаъолияти сиёсати беруна, идоракунии қарзҳои берунаи давлатӣ, суғуртавӣ, асъорӣ ва бозори молиявӣ ва коғазҳои қиматнок ва хазинаи сарватҳои давлатӣ нақши муҳим дорад.
Дар баробари ин, баҳри ноил гаштан ба СМР бояд сармоягузории хориҷиро дар кишвар ҷалб ва дар ин замина татбиқи босамари онҳоро амалӣ бояд намуд. Инчунин, қадамҳои минбаъда бояд муназзамӣ ва пайиҳамӣ дар ноилшавӣ ба ҳадафҳои СМР-2030 тавассути амалисозии Барномаҳои панҷсолаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2016-2020, 2021-2025 ва 2026-2030, мукаммал намудани сохторҳои сатҳи миллӣ ва минтақавӣ оид ба мониторинг ва арзёбӣ, ба низом даровардани низоми пешниҳод ва мубодилаи ҳисоботу ҳамоҳангсозӣ байни вазорату идораҳо, минтақаҳо ва шарикони рушд ва дар сатҳи зарурӣ ҷалб намудани сармояи дохиливу хориҷӣ барои татбиқи пурраи ҳадафу афзалиятҳои СМР-2030 бошад.
Мавсуф, инчунин, иброз дошт, ки ба самти дигари муҳими нишондиҳандаи рушди иқтисоди миллӣ – гардиши савдои хориҷӣ назар андозем, мушоҳида менамоем, ки дар соли 1991 он ҳамагӣ 131,1 млн. долл. ИМА-ро ташкил дода бошад, ин нишондиҳанда дар 25 соли истиқлолияти давлатӣ 33,0 маротиба афзоиш ёфтааст.
Дар анҷом суолу ҷавоб ва музокира сурат гирифт.