Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Мулоқоти Аҳтам Абдуллозода бо донишҷӯёни ДДМИТ

Мулоқоти Аҳтам Абдуллозода бо донишҷӯёни ДДМИТ

Санаи 1-уми ноябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон вохӯрии раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам бо ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид. Вохӯрии мазкур бо мақсади амалисозии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон, расидан ба қадри арзишҳои миллию давлатдорӣ, огоҳӣ аз раванди дарсомӯзии донишҷӯён, пешгирӣ аз омилҳои номатлуби иртиҷоӣ, аз худ намудани донишҳои муосири замонавӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию эҷодии ҷавонон роҳандозӣ гашт. 
Нахуст, ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ раиси кумита ва ҳайати меҳмононро ба донишгоҳ хушомадед гуфта, татбиқи сиёсати давлатии ҷавононро дар меҳвари сиёсати Ҳукумати мамлакат намунаи олии таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба насли ҷавони кишвар арзёбӣ намуд. 

 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg


Пас аз он Аҳтам Абдуллозода дар заминаи сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон суханронӣ намуд. А. Абдуллозода зимни баромад таъкид дошт, ки сохта ба истифода додани иншооти варзишӣ, мактабҳои муосири таъмин бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ, марказҳои ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ва даҳҳо иншооти муҳими иҷтимоӣ барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва аз бар намудани донишҳои замонавӣ барои насли ҷавони кишвар мусоидат менамояд. Ҷавобан ба ғамхориҳои пайвастаи Роҳбари давлат ҷавононро мебояд, ки илм омӯзанд ва ҳамчун мутахассиси баландихтисос гардида, ба Ватан-Модар содиқона хизмат намоянд. 
Инчунин, гуфта шуд, ки ҷавонони кишвар бояд аз таърих, забон, фарҳанг, арзишҳои бузурги таърихӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ифтихор намоянд. Дар баробари ин, иброз гардид, ки муаррифии давлату миллат вазифаи асосии ҳар як ҷавони бонангу номуси миллат ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, имрӯз бояд ҷавонон аз ҳамаи шароитҳои фароҳамовардашуда самаранок истифода баранд ва дар самти татбиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ҷавонон нақши созандаи худро гузоранд. 
Muloqot4007.jpgДар идомаи вохӯрӣ аз ҷониби донишҷӯёни донишгоҳ ба раиси кумита саволу пешниҳодҳо сурат гирифт. Дар доираи баргузории мулоқот як қатор омӯзгорон ва кормандони ДДМИТ - Д. Хоҷаев, К. Шодиев, Б. Давлатов, Х. Холмуродов, Д. Давлатзода, М. Давлатова, Т. Умаралиева, М. Назримад, Ф. Муъминов, У. Усмонов, А. Баротов, Ф. Абдуғаффорзода ва Ҷ. Халифазода, ки дар тарбияи насли ҷавони кишвар саҳми босазо гузоштаанд, Сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш тақдим гардид. 
Аҳтам Абдуллозода дар охир ба устодони донишгоҳ барои тарбияи дурусти насли ҷавон, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва рақобатпазир дар бозори меҳнат ва омода намудани насли ҷавони ватандӯсту ватанпарвар ва меҳнатдӯсту донишманд барору комёбӣ таманно намуд.