Хабарҳо
Рушди муносибатҳои лизингӣ дар шароити муосир
Яке аз масъалаҳои муҳими рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи самараноки иқтидори мавҷудаи иқтисодӣ барои тавлиди маҳсулоти рақобатпазир ва хизматрасониҳо мебошад. Раванди гузариш ба муносибатҳои бозорӣ, тағйири муносибатҳои моликиятдорӣ, зарурати ноилшавӣ ба рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ масъалаи рушди афзалиятноки соҳибкории лизингӣ - унсури муҳимтарини иқтисоди бозориро аз зумраи масоили мубрам гардонид.
Вобаста ба ин санаи 31-уми октябри соли равон бо ташаббуси кафедраи молия маҳфили «Муҳаққиқони ҷавон» баргузор гардид. Дар маҳфил Зулфиқор Зиёев, ассисенти кафедра дар мавзӯи «Рушди муносибатҳои лизингӣ дар шароити муосир» баромад намуд. Зимни маърӯза гуфта шуд, ки ташаккули шароит ва заминаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ барои ташаккул ва рушди муносибатҳои лизингӣ яке аз муҳимтарин шартҳои рушди муваффақи иқтисоди миллӣ мебошад. Дар робита ба ин, омӯзиши ҷанбаҳои гуногуни ташаккул ва рушди муносибатҳои лизингӣ яке аз омилҳои дигари ривоҷи иқтисодиёт дар шароити муосир мебошад.
З.Зиёев инчунин иброз дошт, ки таъсиси механизми самараноки фаъолияти муносибатҳои лизингӣ имкон медиҳад, ки заминаи техникии истеҳсолот ба таври оперативӣ навсозӣ шавад ва сармоягузорӣ ба таври мунтазам амалӣ карда шавад. Дар баробари ин масъалаҳои рушди муносибатҳои лизингӣ ва ташаккули бозори хизматрасониҳои лизингӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд мутобиқи талаботи низоми бозорӣ ҳал карда шавад, зеро ин бозор барои кишвар як падидаи тамоман нав мебошад.
Дар анҷом музокира ва суолу ҷавоб сурат гирифт.