Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Тақвияти ҳамкориҳо бо падару модарон

Тақвияти ҳамкориҳо бо падару модарон

Санаи 2-юми ноябри соли 2019 бо ташаббуси садорати факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт ҷиҳати дар амал татбиқ намудани самтҳои афзалиятноки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бо иштироки доираи васеъи падару модарони донишҷӯёни курси якум вохӯрӣ ташкил ва баргузор карда шуд. 
Дар вохӯрии мазкур декани факултет дотсент И.Неъматов, сардори раёсати тарбия А.Давлатзода, дотсент С.Носиров, мудирони кафедраҳо ва кураторони гурӯҳҳои академӣ иштирок намуданд. 
Дар оғоз декани факултет Илҳомиддин Неъматов вобаста ба баррасии рӯзномаи ҷаласа баромад намуда қайд кард, ки баланд бардоштани сатҳи донишандузӣ ва таҳкими заминаи маънавии тарбияи ахлоқии фарзанд, маърифатнок намудани ӯ, дар рӯҳияи муҳаббат ба халқу Ватан, бунёдкорию созандагӣ тавъам аст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ҳамасолаи худ ба масъалаи бисёр муҳим зарурати беҳтар намудани корҳои тарбиявӣ дар байни ҷавонон ва дар рӯҳияи ватандӯстиву инсонпарварӣ ва худогоҳиву худшиносӣ ба воя расондани ҷавонон изҳори андеша менамоянд. 
Масъалаи дигари ҷаласа натиҷагирӣ аз ҷараёни давомот ва натиҷаҳои ҷамъбасти рейтинги якуми донишҷӯён буд. Дар баробари ин, ба масъалаҳои риояи сару либоси миллӣ, фарҳанги касбият ва маърифати муошират таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки донишҷӯён мебояд ба масъалаҳои фарҳангу этикаи либосҳои милливу муқарраргардидаи фаъолият дар муассисаҳои давлатӣ ва эҳтиромгузорӣ ба шахсияти худ ва ҷомеаро дар мадди аввал гузоранд. 
Зимни баромадҳо таъкид шуд, ки ташкили муҳити маърифатӣ дар оила ва дар шароити он тарбия гирифтани фарзандон боиси васеъ шудани ҷаҳонбинии фарҳангию маърифатии онҳо мегардад. Ҷалб намудани диққати фарзандон ба дастовардҳои миллӣ ва огоҳӣ аз қаҳрамонони миллӣ ба рушди ҳисси ватандӯстӣ мусоидат менамояд. Барои он ки дар тафаккури фарзандон ақидаи ғаразноки ҷиноӣ, аз ҷумла, террористӣ роҳ наёбад, онҳоро бояд тарбия намуд, то ки ба муқобили падидаҳои манфии ғаразнок устувор ва муқовиматпазир бошанд. 
Аз ин рӯ, ҷиҳати тақвият бахшидан ва равобити дуҷонибаро бо оила барқарор кардан чунин вохӯриҳо баргузор карда мешавад. Боварии комил дорем, ки бо ташкил намудани чунин вохӯриҳо ва ҳамкорҳои густурда дар оянда метавонем ҷавононро дар рӯҳияи худшиносии миллӣ тарбия намуда, ҳамчун мутахассиси кордон дар ҷомеа тайёр намоем. 
Гуфта шуд, ки ҳар як донишҷӯ вазифадор аст, ки талаботи ҷориро иҷро ва барои ба даст овардани илму дониш ва азхудкунии касбияти соҳа ҷидду ҷаҳд намояд. Бинобар ин. якояки шуморо мебояд, аввалан одобу ахлоқи ҳамида ва баъдан дониши қонеъкунандаро соҳиб бошед. Инчунин роҳ надодан ба ҳолатҳои коррупсионӣ аз ҷониби донишҷӯён таъкид гардид. 
Дар ҳамбастагӣ ба ин, дар тақвияти чунин суханҳо сардори раёсати тарбия Абдулло Давлатзода ва сардори шуъбаи табъу нашр Саъдулло Носиров баромад намуда, масъалаи баланд бардоштани таълиму тарбияро баррасӣ намуда, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро саривақтӣ арзёбӣ намуданд. 
Пас аз ин саволу ҷавоб ва пешниҳодҳои волидон шунида шуд. Дар фарҷом ба волидони донишҷӯёни фаъол сипоснома тақдим карда шуд. 


Мубораки Назримад, эдвайзер оид ба тарбия