Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Нақши Конститутсия дар таҳкими давлатдории миллӣ

Нақши Конститутсия дар таҳкими давлатдории миллӣ

Дар муносибатҳои дохилию хориҷии давлатҳои соҳибистиқлол яке аз ҳуҷҷатҳои муҳими сиёсии танзимкунандаи тамоми самтҳои идоракунӣ аз лиҳози сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ Конститутсияи онҳо аст. Яке аз дастовардҳои бузурги даврони Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ қабули Конститутсия мебошад. 
Вобаста ба таҷлили 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 5-уми ноябри соли равон, бо ташаббуси раёсати корҳои тарбиявӣ, дар ДДМИТ ҳамоиши илмиву назариявӣ дар мавзӯи «Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлатдории миллӣ» баргузор гардид. Нахуст Амрулло Нурализода, муовини якум, муовини ректор оид ба таълим ҳамоишро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки: “Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ 6-уми ноябри соли 1994 бо дастгирию талошҳо ва иродаи мустаҳками халқи тоҷик ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санади тақдирсоз - Конститутсия бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Имрӯз Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз даҳгонаи конститутсияҳои беҳтарини ҷаҳон шомил аст, ки дар 10 боб ва 100 моддаи он тамоми паҳлӯҳои риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд инъикос гардидааст”. 
Hamoish4001.jpgДар идомаи чорабинӣ Сайфулло Сафаров, дотсент, номзади илмҳои фалсафа дар мавзӯи «Аз таърихи қабули Конститутсияи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза намуда, оид ба рафти таҳия ва қабули Конститутсия маълумот дода, қайд кард, ки барои қабули Қонуни асосии кишвар хизматҳои Пешвои миллат беназир аст. Инчунин, гуфта шуд, ки дар раванди қабули Конститутсия бадхоҳони миллат мехостанд бо ҳар роҳу восита ба он ақидаҳо ва аҳдофи ғаразноки худро ворид кунанд, аммо ин чиз ба онҳо муяссар нагардид. Қабули Конститутсия ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ аз он шаҳодат дод, ки Тоҷикистон давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд аст. 
Дар рафти ҳамоиш Миҷгона Холинова, номзади илмҳои ҳуқуқ дар мавзӯи «Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули ҷомеаи демократӣ» суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Конститутсия ба сифати Қонуни олии кишвар дар шакли муайян таҳия шуда, аз суботу устувории махсус бархӯрдор аст. Он метавонад танҳо бо тартибе, ки худи Конститутсия муқаррар кардааст, таҷдиди назар карда шавад. Дар қатори дигар давлатҳо, Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ин ҳуҷҷати сиёсиро қабул ва тартиб дод, ки роҳи минбаъда ва тартиботи идоракунии ҷомеаро муайянкунанда мебошад. 
Дар охири ҳамоиш андешаронӣ сурат гирифт. 


Б. Муродалиева