Хабарҳо
Дарёфти сертификати байналмилалӣ
Аз таърихи 7-уми октябр то 1-уми ноябри соли ҷорӣ мудири кафедраи фаъолияти гумруки ДДМИТ Абдукарим Муминов дар Коллеҷи сарҳадӣ оид ба ҳайати роҳбарикунандаи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, ки қароргоҳаш дар шаҳри Душанбе ҷойгир аст, курси такмили ихтисосро гузашта, соҳиби сертификати байналмилалӣ ва Ифтихорнома гардид.
Мақсади асосии курси мазкур баланд бардоштани касбияти мутахассисони соҳаи гумрук ва сарҳадот ба шумор мерафт. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар курси мазкур дар баробари иштирокчиёни ватанӣ, инчунин намояндагони зиёда аз 16 кишвари олам (Италия, Португалия, Олмон, Юнон, Гурҷистон, Белорус, Афғонистон, Қирғизистон ва ғайра) ширкат варзиданд.
З. Ҳалимхонов, ассистенти кафедраи фаъолияти гумрукӣ