Хабарҳо
Донишҷӯёни ДДМИТ шабехуни душманони миллатро маҳкум намуданд
Санаи 7-уми ноябри соли 2019 дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон зимни баргузории ҳамоиши донишҷӯён амали гурӯҳи 20-нафараи экстремистиву террористиеро, ки шаби 6 ноябр ба дидбонгоҳи рақами 4-и "Ишқобод"-и қисми ҳарбии отряди сарҳадии "Султонобод" воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ, сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамла оварда, дар натиҷа як афсари ВКД ҶТ ва як сарбози Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ-ро ба ҳалокат расониданд, маҳкум намуданд.
Ҳамоиш бо дақиқаи хомӯшӣ ба поси хотири як афсари ВКД ва як сарбози Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ, ки дар натиҷаи роҳандозии ин амали террористӣ ҷавонмардона ба ҳалокат расиданд, оғоз карда шуд.
Сипас Абдулло Давлатзода, сардори раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ сухан намуда, баён дошт, ки ин гурӯҳи экстремистиву террористӣ, ки тибқи нақшаҳои пешакӣ бо шикастани хати марзӣ шаби 3 ноябри соли ҷорӣ аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон вориди хоки Тоҷикистон шуда буданд, мақсаду маромашон ҳисси ноамниву ноосоиштагиро дар кишвари мо барпо кардан буд. Аммо ҷомеаи Тоҷикистон ҳамеша сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукуматро, ки зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегардад, пуштибонӣ намуда, дар роҳи ҳифзи осудагиву амният ва гиромӣ доштани якпорчагии хоки Ватан содиқ буданд, ҳастанд ва мемонанд.
Сипас, Сайфулло Сафаров, номзади илмҳои фалсафа сухан намуда, иброз дошт, ки дар ҷомеаи имрӯза экстремизму терроризм сарҳадшикан гардида, хусусияти ҷаҳонии худро торафт густариш дода истодааст. Кирдори номардонаи шаби 6-уми ноябр аз ҷониби як гурӯҳи мусаллаҳи террористӣ содиргардида ҳамин хусусияти экстремизму терроризмро дарак медиҳад.
Тавре аз манбаъҳои расмӣ огоҳ ҳастем, шаби 6-уми ноябри соли ҷорӣ як гурӯҳи силоҳбадастон аз ташкилоти террористии ба ном «Давлати исломӣ» бо истифода аз торикии шаб ба дидбонгоҳи сарҳадии №4-и «Ишқобод»-и қисми ҳарбии отряди сарҳадии «Султонобод» ҳуҷуми мусаллаҳона намуданд, ки мақсад аз ин ҳуҷуми гурӯҳҳои террористӣ ноором сохтани фазои суботу ороми Тоҷикистони азизамон дар арафаи ҷашнигирии 25-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Ин разилони ваҳшӣ мехостанд дар натиҷаи амалиёти нопоки худ хуни шаҳрвандони бегуноҳро резонанду ҳаёти осудаи мардумро халалдор кунанд. Марзбонони шуҷои Ватан ба террористони зархарид имкон надоданд, ки сулҳу суботи кишвари азизамонро халалдор созанд. Ин душманони инсоният мехостанд, ки мисли солҳои 90-уми асри гузашта ба сари мардум бадбахтиву мусибатҳои зиёд биёранд. Аммо мардуми ваҳдатофари тоҷик дигар он солҳоро дидан намехоҳад. Зеро мардуми сарбаланд ва шарифи Тоҷикикстон он рӯзҳои шумро аз ёд набаровардааст.
Сайфулло Сафаров дар суҳбати худ ин амали разилонаи ноҷавонмардонро маҳкум намуда, онро таҳдиде ба амнияти кишвар унвон намуд.
Дар интиҳои ҳамоиш муроҷиатномаи иштирокчиёни он аз ҷониби Сифат Исломова, донишҷӯйи курси 2-юми донишгоҳ, аъзои маҳфили ҷамъиятии "Пайравони Пешвои миллат"- и назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хонда шуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:
"Мо ҷавонону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон амали разилонаву хоинонаи гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ мансуб ба "Давлати исломӣ"-ро, ки шаби 6 ноябри соли 2019 ба дидбонгоҳи сарҳадии рақами 4-и "Ишқобод"-и қисми ҳарбии отряди сарҳадии "Сталинобод" ҳуҷум оварда, даст ба қатли як афсари ВКД ва як сарбози Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ зада, хостанд дар фазои амну осоиштагии Тоҷикистони азизамон ноамнӣ ва ҳиссиёти манфии сиёсиву амниятии ҷомеаро ба миён оваранд, шадидан маҳкум намуда, онро ҳамчун шаддидтарин хиёнат ба давлату миллати тоҷикон мешуморем. Ҳифзи суботу осудагии кишварро мо ҷавонону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон чун пайравони асили Пешвои миллат қарзи фарзандӣ ва номусу шарафи хеш шуморида, дар пайи ҳифзи он, агар лозим ояд, бо қимати ҷонамон устувор хоҳем буд".
Худойдод Холмуродов, мутахассиси раёсати корҳои тарбиявӣ