Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Раёсати нави Шӯрои олимони ҷавони Тоҷикистон интихоб гардиданд

Раёсати нави Шӯрои олимони ҷавони Тоҷикистон интихоб гардиданд

5-уми ноябри соли 2019 дар Донишгоҳи давлати Данғара ҷаласаи навбатии Шӯрои олимони ҷавони Тоҷикистон бо иштироки Аҳтам Абдуллозода Рустам-раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. 
Ҷаласа бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта, мувофиқи рӯзнома 3 масъала, аз ҷумла гузориши Аҳлиддин Саидмуддинов – раиси Шӯрои олимони ҷавони Тоҷикистон оид ба фаъолияти Шӯро дар солҳои 2017-2019, интихоби раёсати навини Шӯро барои солҳои 2019-2021, таҳия ва тасдиқи Нақшаи кори Шӯро барои солҳои 2019-2021 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 
Сараввал Аҳлиддин Саидмуддинов оид ба фаъолияти Шӯро дар солҳои 2017-2019 маълумот дод. Зикр гардид, ки дар заминаи сиёсати созандаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон олимони ҷавони кишвар ба дастовардҳои бузург ноил гардида, дар самтҳои мухталифи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳуқуқиву сиёсӣ, фарҳангиву илмӣ фаъолияти самарабахш доранд. 
Дар ҷаласа раёсат ва аъзои навин ҳайати Шӯрои олимони ҷавони Тоҷикистон интихоб гардиданд. Ҳамин тариқ, ба таври овоздиҳии ошкоро Рустам Наботӣ, номзади илмҳои филология, сардори раёсати илми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон - раиси Шӯро, Ғоибназарзода Саид, номзади илмҳои иқтисодӣ - муовини раиси Шӯро, Шоҳзод Раҳимзода - сардори раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - котиби Шӯро интихоб гардиданд. Пешниҳод гардид, ки роҳбарони Шӯро дар сатҳи вилоятҳо ва шаҳри Душанбе ҳарчи зудтар интихоб карда шаванд. 
Дар ҷаласаи мазкур аз Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Давлатзода Абдулло Давлат - сардори раёсати корҳои тарбиявӣ, Воҳидов Умар - номзади илмҳои иқтисодӣ ва Махшулов Саидхуҷа ба ҳайси аъзоёни Шӯрои олимони ҷавони Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шуданд. 
Зимни баргузории ҷаласа Нақшаи кори Шӯро барои солҳои 2019-2021 таҳия ва тасдиқ карда шуд. 
Ҳамзамон дарҷ гардид, ки чорандешиҳои муассиру самарабахш бобати пешбурди муфидтари кори Шӯро дар оянда роҳандозӣ гардида, маҷаллаи илмии Шӯро таъсис дода шавад. Ҳамчунин бобати пешбурди корҳои илмии олимони ҷавон чораҳои муассир андешида шуда, ҷиҳати дарёфти Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ, ки барои олимони ҷавон таъсис дода шудааст, номзадҳое пешниҳод ва қадрдонӣ карда шаванд, ки таълифоти онҳо дар истеҳсолот мавриди истифодабарии ҳаматарафа қарор гирифта бошанд. 


Худойдод Холмуродов-мутахассиси раёсати корҳои тарбиявӣ