Хабарҳо
Аз ҷараёни сафар ба шаҳри Лодзии Ҷумҳурии Полша
Дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» як ҳайати донишгоҳ таҳти роҳбарии бевоситаи ректори таълимгоҳ Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ, мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ, дотсент Маъдиев Саъдихоҷа ва муаллими калони кафедраи забони англисӣ Диловаров Манучеҳр дар Академияи гуманитарӣ ва иқтисодии шаҳри Лодзии Ҷумҳурии Полша қарор доранд. Қобили қайд аст, ки ҳадафи асосии сафари мазкур ин омӯзиш ва баррасии татбиқи принсипҳои таҳсилоти Болония дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Дар оғози сафар ректори донишгоҳ Хайрзода Ш.Қ. бо Президенти академия Макари К. Стасик, канслери академия Эдита Отлишинска, муовини канслери академия Эва Пулачевска ва дигар шахсони масъули академия дидору мулоқот ба анҷом расониданд. Зимни мулоқот ва гуфтушунидҳо масоили мубрами ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи байни муассисаҳои таълимӣ баррасӣ гардида, аз ҷумла ректори ДДМИТ Хайрзода Ш.Қ. оид ба ҳайати профессорону омӯзгорон, заминаи моддию техникӣ, нуфузу эътибори донишгоҳ ва нақши он дар омода кардани мутахассисони баландихтисоси соҳа ибрози андеша намуд. Дар баробари ин, зарурати густариши ҳамкориҳои дар самти такмил ва баландбардории сифати таълим, корҳои илмию тадқиқотии муштарак, таҳия ва татбиқи якҷояи лоиҳаҳои грантӣ, табодули таҷриба тавассути анҷом додани сафарҳои омӯзишӣ, мубодилаи академӣ ва донишҷӯёну магистрон матраҳ карда шуданд.
Ҳайати донишгоҳ бо истифода аз фурсати фароҳамшуда аз биноҳои таълимӣ ва унсурҳои инфрасохтории академия дидан намуда, аз таҷрибаи идоракунии академия, таҳияи стандартҳо, нақшаҳо ва барномаҳои таълимӣ шинос шуданд. Ғайр аз ин, бо ҳайати профессорон ва устодони академия суҳбату вохӯриҳо анҷом дода, атрофи таҷрибаи ташкил ва пешбурди кор дар самти таълим, илм, тарбия ва ҳамкориҳои байналмилалӣ мулоқот намуданд.
Қобили қайд аст, ки зимни сафар боздид аз якчанд донишгоҳҳо ва марказҳои илмию инноватсионии Ҷумҳурии Полша ба нақша гирифта шудааст.
Маврид ба ёдоварист, ки имрӯзҳо дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон панҷ лоиҳаи грантӣ татбиқ шуда истодааст, ки ҳадафи асосии онҳо баланд бардоштани сифати таълим ва таҳкими нуфузу эътибори таълимгоҳ ба ҳисоб меравад. Айни замон донишгоҳ бо зиёда аз 109 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, марказҳои илмию инноватсионӣ ва созмону ташкилотҳои байналмилалӣ созишномаҳои ҳамкорӣ дорад, ки ба онҳо донишгоҳҳои Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла аз Фаронса, Испания, Чехия, Словакия, Литва, Болгария ва Полша шомиланд.