Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Омор - воситаи асосии идораи иқтисодиёт

Омор - воситаи асосии идораи иқтисодиёт

Омор дар ҷаҳони муосир яке аз воситаҳои асосии идораи иқтисодиёти миллӣ ба ҳисоб меравад. Он вазифадор аст, ки таъмини ба даст овардан, шинохтан ва ба роҳбарият пешниҳод намудани нишондиҳандаҳои заруриро оид ба сатҳи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва рушди мамлакат ба уҳда гирифта тавонад. Вобаста ба ин санаи 9-уми ноябри соли ҷорӣ дар кафедраи омори факултети ҳисобдорӣ ва омор дарси кушод дар мавзӯи «Омори музди меҳнат» баргузор гардид. Дар дарси кушод Назар Солиев, дотсент, сардори бахши таҳқиқотҳои илмии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии Бонки миллии Тоҷикистон оид ба омори музди меҳнат дар ҷумҳурӣ баромад намуд. 
Номбурда зимни маърӯза бо факту далелҳои мушаххас фикру мулоҳизаҳои хешро вобаста ба самти омори музди меҳнат, фарогирии молиявӣ, ҳисоботҳои оморӣ, таҳлилҳои иттилооти оморӣ ва маърифати молиявӣ иброз намуданд. Мавсуф оид ба мафҳуми музди меҳнат, ки подоши пулиест, ки онро корфармо ӯҳдадор аст ба корманд барои корҳои амалан иҷрошуда ва инчунин барои вақти корӣ, пардохт намояд, сухан ронд. 
Инчунин бояд ёдовар шуд, ки маълумоти оморӣ асосноккунандаи сиёсати мамлакат, тадқиқоти илмӣ ва дарёфти роҳҳои рушду дигаргунсозии иқтисодиёти мамлакат мебошад. Гузаштан ба муносибатҳои бозаргонӣ ва рушди он тақозо менамояд, ки ташкил ва ба даст овардани маълумоти оморӣ дуруст ба роҳ монда шавад. 
Дар айни замон батанзимдарории соҳаро ҳамчун мақомоти марказии салоҳиятдор Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дорад. Фаъолияти мақомоти омор дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омори давлатӣ» аз 12 январи соли 2010 ба роҳ монда шудааст. 
Дар охир донишҷӯён ба баромадкунанда чанд савол доданд.