Хабарҳо
Ҳамкорӣ бо падару модарон ҷиҳати пешгирӣ ва рафъи омилҳои номатлуб
Бо ташаббуси садорати факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт санаи 9-уми ноябри соли равон ҷаласаи волидони донишҷӯёни курсҳои 2-юм таҳти унвони «Ҳамкорӣ бо падару модарон ҷиҳати пешгирӣ ва рафъи омилҳои номатлуб дар байни ҷавонон» бо иштироки муовини ректор оид ба тарбия Қодирова Б.А., сардори бахши ҳуқуқӣ Ҳаитов С.П., сардори раёсати корҳои тарбиявӣ Давлатзода А.Д., декани факултет Неъматов И.У., мудирони кафедраҳо, кураторони гурӯҳҳои академӣ ва 80 нафар падару модар баргузор гардид.
Дар аввал декани факултет Илҳомиддин Неъматов волидони донишҷӯёнро барои ҳисси масъулият ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» изҳори миннатдорӣ намуд. Ҳамзамон иброз дошт, ки мақсад аз гузаронидани чунин вохӯриҳо бо волидон пешгирӣ намудани омилҳои номатлуб, аз қабили гаравиш ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ, авбошӣ, оворагардӣ ва ба монанди инҳо мебошад. Номбурда афзуд, ки бояд ба таълиму тарбияи фарзандони худ нафақат дар давраи омодагӣ ба имтиҳоноти дохилшавӣ, балки аз хурдсолии онҳо машғул шавем, яъне ба масъалаи таълиму тарбияи фарзандон ҷиддӣ муносибат карда, барои донишманд ва соҳибмаърифат шудани онҳо шароит муҳайё созем. Фарзандони худро тавре тарбия намоем, ки ба омӯхтани илму дониш майлу рағбати доимӣ дошта бошанд.
Дар тақвияти чунин суханҳо, Бунафша Қодирова қайд намуд, ки барои падару модар касбу ҳунар ва одоби ҳамидаи фарзанд мояи ифтихор аст. Волидон бобати маълумотноку соҳибкасб гардидани фарзандон шароити зарурӣ ба вуҷуд оварда, барои интихоб ва тайёр шудани онҳо ба касбу ихтисоси маъқулашон бояд мусоидат намоянд.
Дар идомаи вохӯрӣ сардори бахши ҳуқуқии донишгоҳ Сайдалӣ Ҳаитов иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд ва арҷгузории фарзандон ба заҳматҳои шабонарӯзии волидон пайваста андешаҳои ҷолибу омӯзанда баён менамоянд. Номбурда дар идома иброз дошт, ки мақсади Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» махсусан, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, ба боз ҳам баланд бардоштан ва пурзӯр намудани масъулияти падар ва модар дар раванди тавълиму тарбияи фарзандон дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ватандорӣ, арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии фарзанд ва насли наврас дар ҷомеа мебошад.
Дар фарҷоми ҷаласа саволу ҷавоб миёни падару модарон сурат гирифта, баёнот, натиҷаи санҷиши рейтингӣ ва давомоти думоҳаи таҳсили донишҷӯён ба волидон тариқи слайд дар тахтаи электронӣ нишон дода шуд.
Мубораки Назримад, эдвайзер оид ба тарбия