Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҳамкорӣ бо волидон тақвият меёбад

Ҳамкорӣ бо волидон тақвият меёбад

Санаи 9-уми ноябри соли равон бо ташаббуси садорати факултети молия ва қарз ҷиҳати дар амал татбиқ намудани самтҳои афзалиятноки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бо иштироки васеи падару модарони донишҷӯёни факултет ҷаласа баргузор гардид. 
Дар ҷаласа декани факултет н.и.и., дотсент Сандалов Ҳ.А., сардори раёсати корҳои тарбиявӣ А.Давлатзода, мудирони кафедраҳо ва кураторони гурӯҳҳои академӣ иштирок намуданд. 
Дар оғоз декани факултет Ҳокимбек Сандалов вобаста ба баррасии рӯзномаи ҷаласа баромад намуда, қайд кард, ки баланд бардоштани сатҳи донишандузӣ ва таҳкими заминаи маънавии тарбияи ахлоқии фарзанд, маърифатнок намудани ӯ, дар рӯҳияи муҳаббат ба халқу Ватан, бунёдкорию созандагӣ тавъам аст. Масъалаи дигари ҷаласа натиҷагирӣ аз ҷараёни давомот ва натиҷаҳои ҷамъбасти рейтинги якуми донишҷӯён буд. Дар баробари ин, ба масъалаҳои риояи сару либоси миллӣ ва дастурамали донишҷӯӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. 
Баъдан Абдулло Давлатзода зимни баромади худ таъкид кард, ки тақвияти робитаи оила ва таълимгоҳ барои тарбияи дурусти ҷавонон ва ба корҳои ношоям даст назадани онҳо мусоидат мекунад, зеро назорат аз болои рафтори фарзанд қарзи ҳар як волидайн аст. 
Аз ин рӯ, ҷиҳати тақвият бахшидани равобити дуҷониба бо оила гузаронидани чунин вохӯриҳо айни муддаост. Ташкил намудани чунин вохӯриҳо ва ҳамкориҳои густурда дар оянда метавон ҷавононро дар рӯҳияи худшиносии миллӣ тарбия намуда, ҳамчун мутахассиси кордон дар ҷомеа тайёр намуд. 


Умар Умарзода, донишҷӯйи факултет