Хабарҳо
Рушди туризм дар даврони истиқлолият
Рӯзи 13-уми ноябр дар кафедраи забонҳои хориҷӣ маҳфили илмӣ дар мавзӯи «Рушди туризм дар даврони истиқлолият» баргузор гардид. Маҳфилро мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Носир Туйғунов оғоз бахшида, доир ба имкониятҳои рушди туризм дар шароити кунунии кишвар баромад намуд. Сайёҳӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои рушди иқтисодии кишвар, ки солҳои охир босуръат рушд карда истодааст, ба ҳисоб меравад. Тоҷикистон дорои мероси ғании таърихиву фарҳангӣ ва захираҳои табиӣ буда, барои ҷалби теъдоди зиёди сайёҳони хориҷӣ ба кишвар иқтидори воқеӣ дорад.
Дар идома роҳбари маҳфили илмии донишҷӯён Парвина Орзуева дар маърӯзааш қайд намуд, ки бо назардошти рушди босуръати туризм Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи туризмро самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар эълон намудааст. Тоҷикистон сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини саёҳат мебошад. Аз ҳамин хотир, Роҳбари давлат соли 2018-ро «Соли рушди сайёҳӣ» ва солҳои 2019-2021-ро ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намудаанд.
Дар охири маҳфил иштирокчиён оид ба мавзӯи баррасишуда андешаҳои худро иброз намуданд.
Б. Муродалиева