Хабарҳо
Арҷгузорӣ ба Пешвои миллат
Ҳамасола 16-уми ноябр дар ҷумҳурӣ ҳамчун Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҷлил мегардад. Ба ин хотир, санаи 13-уми ноябри соли равон бо ибтикори факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» мизи мудаввар дар мавзӯи «Пешвои ваҳдатофари тоҷикон - раҳнамо сӯйи музаффариятҳо» баргузор гардид.
Мизи мудавварро сардори раёсати корҳои тарбиявии ДДМИТ Абдулло Давлатзода ифтитоҳ намуда, дар бораи бо чӣ гуна азобу машаққатҳо ба даст овардани сулҳ сухан ронда, чунин қайд намуд, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон то ҳадде нодир буд, ки тамоми давлатҳои дунё онро мавриди омӯзиш ва корбарӣ қарор доданд, зеро дар таърих кам ҳолате мешавад, ки миллате бо ҳам ба низоъ омада, дар кӯтоҳтарин муддат бо ҳам сулҳ бандад. Таърих гувоҳ аст, ки дар чунин ҳолат ҷанги бародаркӯш солиёни дароз идома ёфта, мардуми зиёд кушта ва давлатҳо хароб гаштаанд. Бешубҳа, сулҳи тоҷикон дастоварди бузургтарини Президенти кишвар мебошад.
Дар барномаи мизи мудаввар Шаҳзод Раҳимов, сардори раёсати кор бо ҷавонони дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷонбозиҳо ва корномаҳои Пешвои миллат суханронӣ намуд. Дар идомаи нишаст декани факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ Қудбиддин Муқимов дар мавзӯи «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими иқтисоди миллӣ», роҳбари маҳфили донишҷӯёни дар хориҷи кишвар таҳсилдошта Каримҷон Салимзода дар мавзӯи «Сиёсати муваффақонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ», донишҷӯи курси 3-юми ДДМИТ Намунаи Ғаффор дар мавзӯи «Эмомалӣ Раҳмон ва ормонҳои миллати тоҷик», донишҷӯи курси 3-юми ДДМИТ Шамшод Салоев дар мавзӯи «Корнамоиҳои Пешвои миллат дар ба даст овардани сулҳи тоҷикон», донишҷӯи курси 2-юми ДДМИТ Сифат Исломова дар мавзӯи «Эмомалӣ Раҳмон - поягузори дипломатияи Тоҷикистони соҳибистиқлол» маърӯза намуданд.
Мизи мудаввар бо музокираҳо ҷамъбаст гардид.
Бибиноз Муродалиева