Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Семинари стандартҳо ва дастурамалҳо оид ба аккредитатсияи байналмилалӣ дар ДДМИТ

Семинари стандартҳо ва дастурамалҳо оид ба аккредитатсияи байналмилалӣ дар ДДМИТ

Баланд бардоштани сифати таҳсилот ва гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалӣ, шароит, имконият ва фароҳам овардани талаботҳои муосир дар самти мазкур яке аз ҳадафҳои пешгирифтаи ДДМИТ мебошад. Вобаста ба аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидани ихтисосҳои муассисаҳо ва рақобатпазирии муассисаҳои олӣ санаи 14-уми ноябри соли равон дар ДДМИТ семинар баргузор гардид. Дар семинар мушовир оид ба рушди стратегии Агентии мустақил оид ба аккредитатсия ва рейтинги Ҷумҳурии Қазоқистон (НААР/IAAR), доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, профессор Искакова Гульнар Кожагуловна дар мавзӯи «Стандартҳо ва дастурамалҳо оид ба аккредитатсияи байналмилалии ташкилотҳои таълимии хориҷӣ ва барномаҳои таълимӣ (дар асоси ESG)» баромад намуд. Профессор Гульнар Искакова зимни баромад оид ба фаъолияти НААР/IAAR маълумот дода, инчунин оид ба раванди худбаҳодиҳӣ, стандарт ва талаботи гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалӣ маълумот дод. 
Sem_akk4001.jpgДар рафти семинар вобаста ба сифати таҳсилот ва гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалӣ, шароит, имконият ва талаботҳои муосир дар самти мазкур дар доираи барномаи лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» мубодилаи афкор сурат гирифт. 
Мутахассис дар рафти семинар бобати раванди гузариш ба аккредитатсияи байналмилалӣ, ҳадаф, тартибот, баҳодиҳии мутахассисон ва худбаҳодиҳӣ маърӯза намуд. Баъдан, вобаста ба талаботи стандартии аккредитатсияи байналмилалӣ, ки аз 10 қисм иборат аст, маълумоти мушаххас дод. 
Ҳадаф аз гузаронидани семинар баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва омода намудани коршиносони маҳаллӣ мебошад. 
Фаъолияти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар самти гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалӣ назаррас буда, ҷиҳати дар амал татбиқ кардани лоиҳаи мазкур вобаста ба сифати таҳсилот кор бурда истодааст. 


Амрулло Нурализода, муовини якум, муовини ректор оид ба таълими ДДМИТ