Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Оғози озмуни «Китобхони беҳтарин» дар ДДМИТ

Оғози озмуни «Китобхони беҳтарин» дар ДДМИТ

Дар ДДМИТ барои дар амал татбиқ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи озмуни ҷумҳуриявӣ, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ…» эълон гардидааст, баҳри муайян намудани китобхони беҳтарин миёни донишҷӯён озмуни дохилидонишгоҳии «Китобхони беҳтарини ДДМИТ” оғоз гардид. 
Ҳадаф аз баргузории озмун мусоидат ба иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар, ғанӣ гардонидани сатҳи ҷаҳонбинӣ ва маърифатнокии донишҷӯён, таҳким бахшидан ба тарбияи иқтисодию молиявии донишҷӯён, ҷалби бештари донишҷӯён ба китобхонӣ ва корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, дарёфт ва ҳавасмандгардонии донишҷӯёни лаёқатманд ва пешниҳоди донишҷӯёни фаъол ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ мебошад. 
Дар озмун танҳо донишҷӯёни ДДМИТ бо пешниҳоди муовинони декан оид ба илми факултетҳо иштирок карда метавонанд. Озмун дар шакли мутолиаи асарҳои назмӣ ва насрии адибони классикӣ ва муосири тоҷик, осори адибони ҷаҳон, мутолиа ва шарҳи асарҳои насрии адибони тоҷику ҷаҳон гузаронида мешавад. 
Kitobhon4001.jpgБаррасӣ, баҳогузорӣ ва муайян намудани ғолибони озмун аз ҷониби ҳайати комиссия: Даврон Хоҷаев, сардори раёсати илм ва инноватсия, Саъдулло Носиров, сардори шуъбаи табъу нашр, Ҷумъа Махшулов, устоди кафедраи забони русӣ ва муовини декан оид ба илми ҳар як факултет анҷом мепазирад. 
Ёдовар бояд шуд, ки озмун дар ду давр: дар сатҳи факултетҳо ва донишгоҳ гузаронида мешавад. 
Рӯзи якуми интихоби беҳтарин китобхон санаи 1-уми ноябри соли равон дар факултети технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёт баргузор гардид. Дар рафти озмун донишҷӯёни китобхон аз санҷиши аъзои комиссия гузаштанд ва дар охир Манучеҳр Мухторов, донишҷӯи курси дуюм ба даври донишгоҳӣ роҳ ёфт. 
Санаи 7-уми ноябр озмун дар факултети молия ва қарз гузаронида шуд, ки дар он теъдоди зиёди донишҷӯён иштирок намуданд. Рафти озмун тибқи низомнома сурат гирифт ва дар интиҳо Гесубону Давронзода, донишҷӯи курси якум ва Марҷона Абдуллоева, донишҷӯи курси якум ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд. 
Ҳафтаи ҷорӣ, яъне санаи 14-уми ноябр, озмун дар факултетҳои ҳисобдорӣ ва омор ва иқтисод ва бизнес доир гардид. Дар ин сабқат аз факултети иқтисод ва бизнес Соҳиба Азизова, донишҷӯи курси сеюм ва Сулаймони Шодмон, донишҷӯи курси дуюм ва аз факултети ҳисобдорӣ ва омор Шоҳина Зокирова ва Шаҳло Пиринова донишҷӯёни курси якум бо маҳорати хуби суханварӣ, шеърхонӣ ва суолу ҷавоб бо аъзоёни комиссия ба даври донишгоҳӣ роҳ ёфтанд. 
Баъди ҷамъбасти озмун ғолибон бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии таъсиснамудаи раёсати донишгоҳ сарфароз гардонида мешаванд.