Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Бузургдошти Рӯзи Президент

Бузургдошти Рӯзи Президент

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни ҳар як шаҳрванди худшиносу ватандӯст ва санаи ифтихорӣ барои сокинони озоду осудаи Тоҷикистони навин аст. Бузургдошти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 16 ноябр аз ҷониби устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо баргузории чорабинии мутантан сурат гирифт. 
Онро бо сухани табрикотӣ ректори таълимгоҳ Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ ифтитоҳ намуда, аҳли толорро бо ин рӯзи фараҳбахш муборакбод намуд. Ректор дар идомаи суханрониаш нақши шахсиятро дар ташаккули давлатдорӣ, рушд ва пешрафти мамлакат муҳим дониста, қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон абармарди хирадманде мебошанд, ки давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро дар атрофи худ муттаҳид сохтанд ва санги асоси давлатдории миллиро гузоштанд. Мавсуф дар бораи хизматҳои арзандаи Пешвои миллат дар арсаи иқтисоду сиёсат, рушди маориф ва таъмини некуаҳволии мардум, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини сулҳу субот дар кишвар истода гузашта, дар ин собитқадамӣ ва сиёсати хирадмандонаи Президенти кишварро асос донист. 

 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg


Зикр шуд, ки маҳз эҳсоси баланди ватандӯстонаи Пешвои миллат буд, ки ҳама суннатҳои волои миллии мо дубора эҳё ёфтаву шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо карданд. Сарвари давлати моро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату ваҳдатовар, фароҳамоварандаи шароити арзанда барои мардум, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохтаву эътироф намудаанд. 
Хайрзода Ш.Қ. дар тақвияти суханҳояш дар бораи хизматҳои Пешвои миллат чунин иброз дошт: 
- Нақши Пешвои миллат дар дар рушди тамоми соҳаҳо дида мешавад, аз ҷумла дар рушди устувори иқтисодӣ ва соҳаи маориф. Таваҷҷуҳи махсуси Сарвари давлат ба соҳаи маориф аз ҷудо намудани 16%-и ҳиссаи буҷаи давлат ба ин соҳа нишонаи ғамхорӣ ва пуштибонӣ аз ин бахши афзалиятнок мебошад, - гуфт ректор. 
Дар идомаи чорабинии фарҳангию фароғатӣ дастагули шеъру суруду тарона ва рақсу навозиши мусиқӣ аз ҷониби ҳаваскорони санъати дастаи «Ҷавонӣ», таҳти роҳбарии Ҷӯрамуроди Муҳаммадназар пешкаши ҳозирин гардонида шуд, ки хеле гарму самимӣ қабул гардид. 
Ҳамин тавр, таҷлили бошукуҳи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат ин нишони қадрдонию сипос ба тамоми он хизматҳои арзандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сокинони мамлакат ва рушди кишвар мебошад. 


Машҳура Абдуллоева