Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Шарҳи қонунгузории андоз

Шарҳи қонунгузории андоз

Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо иштироки кормандони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва устодону донишҷӯён семинар-машварат баргузор гардид. Семинар-машваратро мудири кафедраи андоз ва андозбандӣ Тоҳир Исломов ифтитоҳ намуд. Сипас сардори раёсати хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷ. Нурзода суханронӣ намуд. Номбурда қайд кард, ки имрӯз мақомоти андози мамлакат робитаи худро бо тамоми муассисаҳои олии касбӣ, аз ҷумла ДДМИТ хеле хуб ба роҳ мондааст. Мавсуф дар давоми суханронии хеш афзуд, ки мақсад аз гузаронидани семинар-машварат, пеш аз ҳама фаҳмонидани муқаррароти қонунгузории андоз ва имтиёзу сабукиҳои пешниҳодшуда ба субъектҳои соҳибкорӣ мебошад. 
Дар идома сардори шуъбаи рушди маъмурикунонии андози Кумита С. Вазиров оид ба низоми андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди маъмурикунонии андоз ва бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ маълумоти муфассал дод. Ӯ, аз ҷумла, қайд кард, ки мувофиқи моддаи 6 Кодекси андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 намуди андоз, аз ҷумла 8 намуди андози умумидавлатӣ ва 2 намуди андозҳои маҳаллӣ муқаррар шудааст. Номбурда ёдовар шуд, ки дар фасли XVI Кодекси андоз низомҳои махсуси андозбандӣ муқаррар шудаанд, ки тибқи онҳо категорияҳои алоҳидаи андозсупорандагон уҳдадоранд баъзе андозҳои умумидавлатӣ ва маҳаллиро тибқи тартиби содакардашуда супоранд. 
С. Вазиров дар робита ба бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ изҳор дошт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» аз ҷониби мақомоти андоз аз рӯи принсипи “Равзанаи ягона” анҷом дода мешавад. Тартиби нави бақайдгирии давлатии субъектҳои соҳибкорӣ нисбат ба тартибе, ки қаблан амал мекард, бартарияти зиёд дорад: муҳлати бақайдгирӣ ба туфайли истифода аз барномаҳои махсуси компютерӣ, ташкили махзани ягонаи маълумот, бунёди шабакаи электронии табодули маълумот миёни Кумита бо мақомоти ҳудудӣ ва мақомоти омору ҳифзи иҷтимоӣ, аз 49 рӯз то ба 5 рӯз (барои бақайдгирии шахси ҳуқуқӣ) ва 3 рӯз (барои филиал ва намояндагиҳои шахси ҳуқуқии хориҷӣ ва соҳибкорони инфиродӣ) кам карда шуд. 
Вобаста ба рушди маъмурикунонии андоз С. Вазиров зикр намуд, ки солҳои охир мақомоти андоз кӯшиш намуда истодааст, ки аз технологияҳои иттилоотӣ ва барномаҳои компютерӣ бештар истифода карда, тамоми хизматрасониҳои худро дар шакли электронӣ ба роҳ монад ва корҳои фаҳмондадиҳиро зиёд намояд. 
Дар охир кормандони мақомоти андоз ба саволҳои устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ ҷавобҳои мушаххас доданд. 


Қадриддини Қамариддин, ассисенти кафедра андоз ва андозбандӣ