Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Омӯзиши модели дурнамо

Омӯзиши модели дурнамо

Санаи 15-уми ноябр кафедраи система ва технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёт бахшида ба солҳои 2019-2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», зермаҳфили «Зеҳн»-ро дар мавзӯи «Модели дурнамои даромади давлатии Тоҷикистон» доир намуд. Дар маҳфил муовини сардори раёсати илм ва инноватсия Ё. Тилабов, декани факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт н.и.и., дотсент И. Неъматов, декани факултети молия ва иқтисод н.и.и., дотсент Ҳ. Сандалов ва дигар устодони донишгоҳ иштирок намуданд. 
Маҳфилро муовини сардори раёсати илм ва инноватсия Ё. Тилабов ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки таҳлили андоз ва пешгӯии даромадҳо барои ҳукумат дар таъмини субот дар сиёсати андоз ва хароҷот аҳамияти ҳалкунанда дорад. Бо мақсади афзоиш додани таҳлили саривақтӣ ва самараноки ҷанбаҳои даромади андозу буҷет, сохторҳои сиёсати андоз бояд аз моделҳои андозӣ ва ғайриандозӣ истифода кунанд. Ин сохторҳои сиёсати андоз, беш аз пеш, даъват карда мешаванд, ки таъсири сиёсати андозро ба иқтисодиёт таҳлил кунанд ва оқибатҳои даромади андозсупориро бо ҳадафи ниҳоии вазъи солими молиявӣ дар иқтисодиёт баҳо диҳанд. Бинобар ин, чунин чорабинии илмӣ-амалӣ дар самти мукаммалгардонии низоми андози кишвар зарур дониста мешавад. 
Сипас н.и.и., дотсенти кафедраи система ва технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёт П. Ғафуров зимни маърӯза дар мавзӯи «Модели дурнамои даромади давлатии Тоҷикистон» зикр намуд, ки ҳукумат ҳар сол буҷаи худро пешниҳод мекунад. Дар ҷараёни ташаккули ҳарсолаи буҷет пешгӯии маҷмӯи даромади андоз нақши муҳимро мебозад. 
Инчунин, дар охири маърӯзааш П. Ғафуров пешниҳод намуд, ки истифодаи миёнарав, яъне нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ яке аз усулҳои пешгӯии даромадҳои андозӣ ва ғайриандозӣ мебошад. Аммо, меъёри нисбатан воқеии андозро ҳисоб кардан ва сатҳи мутобиқати онҳоро барои ҳар андоз муайян кардан, танҳо тавассути сохтани моделҳои макросимулатсонӣ имконпазир аст. 
Маҳфил бо саволу ҷавоб ва музокира ҷамъбаст гардид. 


Б. Муродалиева