Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Бонки миллӣ ва масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ

Бонки миллӣ ва масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ

Санаи 15-уми ноябри соли равон дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ дарси кушоди мутахассис баргузор гардид. Дар дарси кушод, ки ба мавзӯи «Самтҳои асосии ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ» бахшида шуда буд, Искандар Давлатов, мутахассис – коршиноси компоненти дастгирии ДДМИТ Лоиҳаи ИА оид ба самтҳои ҷудогонаи раванди ислоҳоти Идоракунии молияи давлатӣ Лот 1 баромад намуд. 
И. Давлатов зимни баромад гуфт, ки Тоҷикистон дар бахши ислоҳоти идоракунии молияи давлатӣ тавассути омилҳои: ислоҳоти низоми хазинадорӣ дар соли 1997, ки тамоми қисматҳои буҷети давлатиро дар бар мегирад, такмили мунтазами гурӯҳбандии буҷетӣ ва татбиқи таҷрибавии барномаи миёнамуҳлати хароҷоти давлатӣ ва банақшагирии хароҷот мувофиқи стратегияҳои соҳавӣ ба инкишофи назаррас ноил гаштааст. Номбурда, инчунин, оид ба мақсадҳо ва вазифаҳои БМТ чунин ишора кард, ки мақсади асосии Бонки миллии Тоҷикистон ноил шудан, нигоҳ доштани сатҳи муътадили нархҳои дохилӣ дар давраи дарозмуҳлат, таъмини устувории низоми бонкии давлат, мусоидат ба фаъолияти самаранок ва мунтазами низоми пардохт мебошад, аммо гирифтани фоида мақсади асосии Бонки миллии Тоҷикистон намебошад. Инчунин, вазифаҳои таҳия ва амалӣ намудани сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон; таҳияи сиёсати макропруденсиалӣ ва назорати иҷрои он; таҳияи тавозуни пардохт, мавқеи сармоягузориҳои байналмилалӣ ва қарзи маҷмӯии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳлили иқтисодӣ ва пулӣ ва дар асоси он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани таклифҳо, инчунин ба маълумоти ҷомеа расондани натиҷаҳои таҳлил, танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ мутобиқи Қонуни мазкур ва қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон, батанзимдарории ташкилотҳои қарзии молиявӣ мутобиқи Қонуни мазкур ва қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон, танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои ғайриқарзии молиявӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайраҳоро ташкил медиҳад. 
Ҳамзамон, ишора шуд, ки дар фарқият бо як қатор чораҳо оид ба беҳсозии идоракунии молияи давлатӣ дар муддати 10 соли охир, дар соҳаи такмил додани назорати берунаи буҷет аз ҷониби парламент нисбатан инкишоф ба назар мерасад. Дар рафти дарси кушод, инчунин, як қатор масъалаҳои вобаста ба идоракунии молияи давлатӣ баррасӣ ва мавриди фаҳмондадиҳӣ қарор гирифт.