Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Рушд ва такмил додани сифати хизматрасониҳои аудиторӣ

Рушд ва такмил додани сифати хизматрасониҳои аудиторӣ

Санаи 18 ноябри соли ҷорӣ маҳфили илмии донишҷӯёни назди кафедраи аудит ва ревизияи факултети ҳисобдорӣ ва омор таҳти унвони “Ахтарони аудит” баргузор гардид. Дар маҳфил донишҷӯёни курси 4-уми ихтисоси аудит ва ревизия Фозил Исматов ва Дилшоди Назрулло дар мавзӯи “Рушд ва такмил додани сифати хизматрасониҳои аудиторӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯза намуданд. 
Маърӯзачиён оид ба масъалаҳои асосии рушди хизматрасониҳои аудиторӣ дар кишвар ва роҳҳои такмилдиҳии он маълумот доданд. Инчунин, гуфта шуд, ки масоили истифодабарии хизматрасониҳои аудити дохилӣ ва берунӣ дар асоси банди 3-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти аудиторӣ” асос ёфтааст. 
Ёдовар бояд шуд, ки аудит санҷишест, ки дар асоси шартнома бо дархости фармоишгар аз тарафи аудитори инфиродӣ ё ташкилоти аудиторӣ мутобиқи стандартҳои аудит, бо мақсади изҳор намудани ақидаи мустақил оид ба саҳеҳӣ ва мутобиқати ҳисоботи молиявӣ ва дигар иттилооти марбут ба ҳисоботи молиявӣ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ё стандартҳои миллии ҳисобдорӣ гузаронида мешавад. 
Дар ин баробар дар маҳфил бобати мафҳумҳои фаъолияти аудиторӣ, аудити беруна ва дохила, аудити ҳатмӣ, аудити ташаббусӣ, мақоми ваколатдори давлатии танзими фаъолияти аудиторӣ, аудитор, аудитори инфиродӣ, стандартҳои миллии аудит ва стандартҳои байналмилалии аудит маълумот дода шуд. 
Дар анҷом суолу ҷавоб сурат гирифт, ки иштирокчиён аз ҷараёни баргузории маҳфил қаноатманд гардиданд. 


Ш. Абдуллоева, раиси маҳфили «Ахтарони аудит»