Хабарҳо
Қадаме ба сӯи илм
Боиси шодмонист, ки рӯз ба рӯз дар донишгоҳ самти илм пешрафта шуда, дастовардҳо меафзоянд, бахусус дар ҷодаи корҳои илмию тадқиқотӣ. Дар санаи 11 ноябри соли равон дар Шӯрои диссертатсионии 6DKOA_021 бо ихтисоси 08.00.05 – Иқтисодиёт, ташкил ва идоракунии корхонаҳо (иқтисодиёти меҳнат; иқтисодиёти аҳолӣ ва демография; бехатарии иқтисодӣ) муҳокимаи рисолаи номзадии ассистенти кафедраи фаъолияти гумрукӣ Ҳалимхонов Зафар Акбархонович дар мавзӯи «Особенности миграционных процессов и ее структурное преобразования в условиях рыночной экономике (на примере Республики Таджикистан)» таҳти роҳбарии профессор, доктори илмҳои иқтисодӣ Кошонова Манзура Раҳматҷоновна баргузор гардид.
Дар ҷараёни муҳокима олими ҷавон доир ба кори тадқиқотӣ, ки мавзӯи басе мубрам аст, бо омодагии комил баромад намуда, ба саволҳои иштирокчиёни он ҷавобҳои мушаххасу қонеъкунанда дод. Дар охир барои мукаммал кардани кор якчанд тавсияву пешниҳодҳо карда шуд.
Ҳайати устодони кафедраи фаъолияти гумрукӣ ба олими ҷавон Ҳалимхонов З. тамоми бурдбориҳоро дар ҷодаи илм орзу намуда, фатҳи қуллаҳои нав ба нави илмиро таманно доранд.
Мудири кафедраи фаъолияти гумрукӣ Муминов А.Б.