Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Муждаи илмӣ

Муждаи илмӣ

Ба таваҷҷуҳи муҳаққиқону омӯзгорон ва аҳли коллективи меҳнатии донишгоҳ расонида мешавад, ки маҷаллаи илмию амалии «Паёми молия ва иқтисод»-и Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба Феҳристи маҷаллаҳои (нашрияҳои) илмии тақризшавандаи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли-2012, ISSN: 2663-0389) бо қарори раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2019, протоколи №9 ворид карда шуд. Ҳайати кормандони маҷалла бо ин дастовард аҳли илмро муборакбод гуфта, умед доранд, ки ҳайати профессорону омӯзгорон, магистрантону унвонҷӯён ва аспирантон бо мақолаҳои илмии худ аз рӯи натиҷаи тадқиқотҳои илмиашон дар сари вақт ва босифат баромадани нашрия саҳм мегузоранд. 
Маҷалла аз бахшҳои иқтисодиёт, табиию риёзӣ ва ҷамъиятию гуманитарӣ иборат буда, даврияти он дар як сол 4 нашрро (ҳар семоҳа) ташкил медиҳад. 
Боиси зикри хос аст, ки пешрафти ҷодаи илм дар донишгоҳ аз чандин тараф мушоҳида мешавад ва башорати навбатии илмӣ дар мавриди маҷаллаи илмӣ ин дастовардҳоро пурратар карда, барои ба чоп расонидани мақолаҳои илмии унвонҷӯёну аспирантон дар нашрияҳои тақризшавандаи КОА, ки яке аз талаботи асосии корҳои илмию тадқиқотӣ маҳсуб мегардад, имконият медиҳад. Ҳайати эҷодии маҷалла умед дорад, ки ҳамагон аз ин имконият самарманд истифода мебаранд. 
Ин дастоварди муҳимми илмӣ ба ҳамагон муборак бод! 


Шуъбаи табъу нашр