Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Донишҷӯйи ДДМИТ - ғолиби озмуни ҷумҳуриявӣ

Донишҷӯйи ДДМИТ - ғолиби озмуни ҷумҳуриявӣ

Донишҷӯи курси чоруми факултети ҳисобдорӣ ва омори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Сафарбек Гулов дар озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин акси Пешвои миллат» ҷойи сеюмро ба даст оварда, соҳиби мукофотпулӣ дар ҳаҷми 2 ҳазор сомонӣ гардид. 
Сафарбек Гулов яке аз донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ буда, акси пешниҳоднамудаи ӯ ба озмун таҳти унвони «Ҷавонон қувваи бузург, неруи созанда ва ояндаи миллатанд» пешниҳод гардид ва дар он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарбозон инъикос ёфтааст. 
Лозим ба ёдоварист, ки ба хотири эҳтиром гузоштан ба заҳматҳову талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2016 инҷониб ҳамасола дар сар то сари ҷумҳурӣ 16-уми ноябр ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» қайд карда мешавад. Бо ин мақсад, ҷавонони фаъоли кишвар чорабиниҳои гуногуни сиёсӣ ва фарҳангӣ-маърифатиро дар ҳудуди мамлакат роҳандозӣ намуданд. Дар ин қабил чорабиниҳо иштирок ва нақши донишҷӯёни ДДМИТ низ назаррас аст. 
Бояд хотиррасон кард, ки аз ҷониби ҷавонони гурӯҳи «Авангард» тӯли як моҳ, аз 15-уми октябр то 15-уми ноябри соли равон дар ҷумҳурӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни «Беҳтарин акси Пешвои миллат» доир гардид. Дар ин муддат, дар озмун 1573 нафар кормандони касбу кори гуногун ва ҷавонону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат иштирок намуда, аз инҳо 1385 нафарашон аксҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо тариқи инъикоси корнамоиҳо ва 188 нафар бо тариқи шеър дар саҳифаҳои иҷтимоии интернетӣ ҷойгир намуданд. Пас аз интихоби беҳтаринҳо аз ҷониби ҳайати доварон аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ рӯзи 16-уми ноябр бахшида ба «Рӯзи Президент» дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия аксияи идонаи «Мо бо шумоем, Пешвои миллат!» баргузор карда шуда, ин озмун ҷамъбаст ва ғолибон қадрдонӣ гардиданд. 
Тавре ғолиби ин озмун Сафарбек Гулов иброз намуд, мо, ҷавонон, насли идомадиҳандаи миллат, таърих, фарҳанг, анъана, расму оин, забон ва бунёдгузорандаи ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошем. Аксари аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, онҳо давомдиҳандаи кору фаолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа мебошанд». 


Наврӯз Ҷобиров