Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Парчам – ҳастӣ ва ғурури миллат!

Парчам – ҳастӣ ва ғурури миллат!

Ҳамасола дар кишвар 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил мегардад. Ба ин хотир, санаи 20-уми ноябри соли равон бо ибтикори раёсати корҳои тарбиявии ДДМИТ мизи мудаввар дар мавзӯи «Парчами давлатӣ - рамзи асолати миллат ва бақои давлат» баргузор гардид. Мизи мудавварро сардори раёсати корҳои тарбиявии ДДМИТ Абдулло Давлатзода ифтитоҳ намуда, аз таърихи парчам ва давлатдории тоҷикон ёдовар шуд. Мавсуф қайд намуд, ки Парчами давлатӣ ин ҳастии миллат ва ғурури миллатро ифода мекунад. 
Дар барномаи мизи мудаввар н.и.т., дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарии ДДМИТ Асадулло Мулоҷонов дар мавзӯи «Аз таърихи парчамдории тоҷикон» маърӯза намуда, зикр кард, ки таърихи пайдоиши парчам ҳамчун рамзи миллӣ ва давлатдорӣ ба давраҳои бостонии таърих рафта мерасад. Масалан, дар заминаи ҷустуҷӯҳо бостоншиносон дар шарқии қадимаи Эрон ливои хурди филизиеро пайдо намуданд, ки таърихи он ба ҳазораи сеи пеш аз мелод рост меояд. Ин бозёфт, ки дар он расми шер ва тулӯи офтоб акс ёфтааст, яке аз қадимтарин ливо дар таърихи башарӣ ҳисобида мешавад. 
Дар мизи мудаввар, инчунин сардори шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Муҳаммадназар Нуров дар бораи «Нақши ҲХДТ дар ташаккули худшиносии миллӣ ва гиромӣ доштани муқаддасоти давлатӣ» суханронӣ намуда, афзуд, ки масъалаи ҷавонон ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ҳамеша дар маркази фаъолияти ҲХДТ қарор дорад. 
Меҳмони дигари мизи мудаввар Шаҳзод Ализода, ҷонишини мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Нақши сохторҳои кор бо ҷавонон дар ташаккули ҳувияти миллии ҷавонон» суханронӣ намуд. Ш. Ализода дар баромадаш илова намуд, ки соли 2011 баландтарин парчам дар ҷаҳон бо баландии 165 метр дар пойтахти кишварамон қомат афрохт, ки ин нишонаи арҷгузорӣ ба фарҳангу ҳастии миллати тоҷик мебошад. Мо, ҷавонон бояд муқаддасоти миллиамонро пайваста эҳтиром намоем. 
Маърӯзаи донишҷӯи курси 2-юми ДДМИТ Сифат Исломова дар мавзӯи «Назаре аз таърихи парчамдорию парчамбардории тоҷикон» буд. Сифат Исломова дар бораи таърихи парчам қайд намуд, ки аввалин дирафши аҷдодӣ-миллии тоҷикон «Дирафши Ковиён (Ахтари Ковиён) буд. Агарчӣ ибтидои зуҳури он ба ибороти имрӯзӣ «асотирӣ»-ст, вале мавҷудияташ дар давраи Хаҳоманишин то ба соли 632 комилан собитшуда аст. 
Ёдовар мешавем, ки Парчами Тоҷикистон ин нишони аввалини давлати мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки 24-уми ноябри соли 1992 қабулу расман тасдиқ карда шудааст. Дар охири мизи мудаввар музокираҳо сурат гирифт. 


Бибиноз Муродалиева