Хабарҳо
Занон ҳамчун неруи созандаи ҷомеа
Бо ибтикори факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ дар ҳамоҳангӣ бо маҳфили «Занони сиёсатмадори сатҳи байналмилалӣ» санаи 21 ноябри соли равон маҳфили маърифатию тарбиявӣ бо номи «Занон ҳамчун неруи созандаи ҷомеа» бо иштироки васеи бонувони фаъоли кишвар ва донишгоҳ доир гардид.
Сараввал меҳмонон ва иштирокдорони маҳфил аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллии донишҷӯдухтарони факултет дидан намуда, ба он баҳои баланд доданд. Аз ҷумла, ба бинандагон суруди «Алла»-и модар, ки аз ҷониби донишҷӯ иҷро гардид, басо ҷолиб омад. Ҳамзамон, аз ҷониби донишҷӯдухтарон лаҳзаҳо аз фаъолияти занони сарвар, занони варзишгар ва занони ҳунарманд намоиш дода шуд, ки басо пурмуҳтаво буд.
Маҳфилро бо сухани муқаддимавӣ декани факултет Қутбиддин Муқимов кушода, аз манзалати Зан-Модар дар ҷомеаи тоҷикон сухан гуфта, ҳадафи ҳамоиши мазкурро нишонаи олии арҷгузорӣ ба ин қишри ҷомеа донист.
Баъдан Маҳбуба Азимова, сардори шуъбаи ташкилии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ масъалаи таъмини баробарҳуқуқии мардону занонро дар меҳвари сиёсати давлатии худ қарор дода, баҳри амалисозии он зина ба зина чораҳои мушаххасро амалӣ менамояд.
Қабули як силсила фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати мамлакат, консепсияҳо, нақшаву барномаҳои давлатӣ дар хусуси баланд бардоштани мақом ва нақши зан, таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардону занон ва оид ба масъалаҳои тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд аз ҷумлаи иқдомоте мебошанд, ки баҳри таҳкими мақоми зан дар ҷомеа, беҳтар шудани вазъи иҷтимоӣ ва фаъолияти онҳо дар раванди идоракунии давлатӣ такони ҷиддӣ бахшиданд.
- Фармони Президенти мамлакат аз 3 декабри соли 1999, таҳти №5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» дар таъмини иштироки воқеии занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва идоракунии давлат нақши муҳим бозид ва мо дар арафаи 20-солагии он қарор дорем, - гуфт Азимова М.
Баромадкунанда дар такя ба рақамҳои оморӣ болоравии мавқеи занонро дар ҷомеа гуфта гузашта, таъкид сохт, ки дар айни замон аз ҳисоби занон хизматчиёни давлатӣ 23,4%-ро ташкил медиҳанд. Феълан барои омода кардани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби духтарон курсҳои махсус, аз қабили «Мактаби сарварони ҷавон», «Дипломатия», «Менеҷменти муосир» амал мекунад ва ҳамасола дар онҳо духтарони болаёқат аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ иштирок менамоянд.
Азимова М. ба духтарон муроҷиат карда, онҳоро барои донишандӯзӣ, худтакмилёбӣ, риояи одобу ахлоқи намунавӣ ва дур шудан аз бегонапарастӣ даъват намуда, ҷасорат, дониш, маҳорат, масъулият ва иродаи мустаҳкам доштанро асоси фаъолияти сарварии бонувон маънидод намуд.
Баъдан Бунавша Қодирова, муовини ректор оид ба тарбияи донишгоҳ, Дилором Саидаҳмадова, омӯзгори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ, Ҷумъа Махшул, шоир, Давлатзода А., сардори раёсати тарбия, Умаров Н., муовини КИ ҲХДТ «Молия ва иқтисод» дар н. Сино баромад карда, дар бораи манзалати Зан-Модар андешаҳои ҷолибу муассир иброз доштанд.
Дар идома донишҷӯёни факултет Суман Зоҳидова, Маҳваш Мусоева ва Шукрона Саидова ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.
Дар охир аз ҷониби духтарони факултет намоиши либосҳои миллӣ доир гардид, ки басо ҷолиб буд.
Бояд гуфт, ки маҳфили мазкур барои шинохти манзалати зан, муаррифии занони фаъоли кишвар ва мақоми баланди бонувон мусоидат менамояд.
Машҳура Абдуллоева