Хабарҳо
Масъулияти волидайн дучанд мегардад
Бо ташаббуси садорати факултети технологиҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт дар се моҳаи аввали соли хониши 2019-2020 се маротиба ҷаласаи васеъ бо иштироки падару модарон дар мавзӯъҳои дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирии омилҳои номатлуб дар байни наврасону ҷавонон, хариду фурӯши маводҳои мухаддир, истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ ва шомил гардидан ба гурӯҳҳои ифротӣ гузаронида шуд.
Дар тақвияти ҳамкориҳои ҳамаҷониба бо волидон санаи 20-уми ноябри соли ҷорӣ ҷаласаи волидони донишҷӯёни курси якуми ихтисоси технологияҳои иттилоотии ҳисоби бухгалтерӣ (1-4001020201) бо фарогири самтҳои гуногуни таълиму тарбия, тайёр намудани кадрҳои лаёқатманд ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат ва ҳамкориҳои судманд бо падару модар баргузор гардид.
Ҷаласаро декани факултет Илҳомидин Неъматов оғоз намуда, қайд кард, ки мақсади гузаронидани чунин вохӯриҳо барои дар амал татбиқ намудан ва фаҳмонидани моҳияти Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мебошад. Мақсади қонуни мазкур пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои давлату миллат ба ҳисоб меравад. Раёсати донишгоҳ барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани насли ҷавон тамоми икониятҳоро фароҳам сохтааст. Аз ин рӯ, ҷиҳати дар амал иҷро намудани қонуни зикргардида ҳамкориҳои оила бо муаасисаи таълимӣ барои интихоби роҳи дурусти зиндагӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар идома Абдулло Давлатзода, сардори раёсати корҳои тарбия баромад намуда, иброз дошт, ки раёсати корҳои тарбиявӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар сохторҳои дахлдор дар самти тарбияи дуруст гирифтани насли ҷавон тибқи нақша чорабиниҳои тарбиявиро дар донишгоҳ ва берун аз он баргузор менамояд. Номбурда ёдрас шуд, ки волидон низ вазифадор ва уҳдадоранд, ки бо муассисаи таълимӣ ҳамкорӣ намоянд. Бо ташкил намудани чунин вохӯриҳои судманд мо метавонем дар якҷоягӣ фарзандони содиқи ватанро тарбия намоем.
Дар анҷом давомот ва санҷиши рейтинги донишҷӯён дар нимсолаи аввали соли хониш ба волидон нишон дода шуд.
Мубораки Назримад, эдвайзер оид ба тарбия