Хабарҳо
Нақши ҷавонон дар посдории Парчами миллӣ
Имсол дар ДДМИТ чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола дар санаи 24-уми ноябр таҷлил мегардад, бо шукуҳи тоза баргузор шуда истодаанд. Ин аст, ки бо ибтикори факултети ҳисобдорӣ ва омор санаи 21-уми ноябри соли ҷорӣ чорабинии илмӣ-амалӣ доир гардид.
Чорабиниро декани факултет Баҳодур Ҷурахонзода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо Рӯзи Парчами давлатӣ муборакбод гуфт. Ӯ зимни баромад оид ба Парчами давлатии кишвар сухан ронда, таваҷҷуҳи ҳозиринро дар бораи мақому манзалати парчам ҷалб намуда, нақши онро дар сулҳу ваҳдати миллӣ, сарҷамъии миллати тоҷик ва пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол муҳим арзёбӣ намуд. Ӯ илова намуд, ки миллати тоҷик бо шарофати истиқлолияти давлатӣ дар баробари дигар муқаддасоти миллӣ соҳиби Парчами миллӣ гардид, ки он таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшон мебошад.
Дар идомаи чорабинӣ дотсент Саидхуҷа Маъдиев оид ба нақши ҷавонон дар эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ андешаронӣ намуд. Мавсуф зимни суханронӣ гуфт, ки «имрӯз ҷавонони кишвар қувваи асосии пешбарандаи сиёсати давлат ба ҳисоб мераванд. Бинобар ин, нақши онҳо дар посдории фарҳангу асолати миллӣ, муқаддасоти миллӣ ва ҳувияту давлатдории миллӣ назаррас аст. Соҳиби муқаддасоти миллӣ будан, ифтихор аз он ва ҳифз кардани он вазифаи ҷавонмардонаи ҳар як ҷавони кишвар ба ҳисоб меравад».
Инчунин, зимни чорабинӣ дотсентон И. Фасеҳзода ва М. Садриддинов вобаста ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими сулҳ ва пойдории муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Парчами давлатӣ ибрози ақида намуданд.
Ёдовар бояд шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллиамон бо фармони худ аз 20-уми ноябри соли 2009 рӯзи 24 ноябрро ҳамчун «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» эълон намуданд.
Усмон Усмонов, эдвайзер оид ба тарбия